Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад

Сарони Тоҷикистону Қирғизистон изҳор доштанд, ки аз пагоҳ, 14 марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Аз пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аввалин парвоз пагоҳ тавассути ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом меёбад.
Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр хабар дод, ки Ширкат шурӯъ аз 14-уми марти соли ҷорӣ иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба Бишкек дубора оғоз менамояд.
“Иқдоми мазкур ба шарофати гуфтушуниди муваффақонаи сардорони ҳар ду давлат — президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қиргизистон, Содир Ҷабборов, ки дар доираи сафари давлатии раисҷумҳури кишвар ба Бишкек сурат гирифт, роҳандозӣ мешавад”, - қайд кардааст ширкати “Сомон-Эйр”.
Ширкат қайд кардааст, ки барқарории интиқолоти ҳавоӣ байни ду пойтахт тасмими муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин робитаҳои иқтисодиву фарҳангии байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад ва ҳамзамон ба рушди гардишгарӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ва Ҷабборов созишномаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карданд
Аввалин парвоз дар масири Душанбе - Бишкек санаи 14-уми марти соли 2025 амалӣ мегардад.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Бишкек соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Тавре интизор меравад, минбаъд шурӯъ аз санаи 23-юми март парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе анҷом дода мешаванд.
Итминон аст, ки дар ояндаи наздик ширкат парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта афзоиш дода, рӯзҳои чоршанбеу якшанбе анҷом диҳад.
Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 сурат мегиранд.
Дар сомонаи расмии интернетии ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои Душанбе - Бишкек аллакай пайдо шуданд.
Содир Ҷабборов Наврӯзро дар Хуҷанд ҷашн мегирад
Чиптаҳои парвози фардоро бо нархи 87 евро харидан мумкин аст ва вақт парвоз якуним соат хоҳад буд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар айни замон парвозҳои мунтазамро ба самти кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.