ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2025" барои ҳар зоири тоҷик 56 800 сомонӣ хоҳад буд.
Дар ин бора Кумитаи дини кишвар хабар дода гуфтааст, ки он дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян карда шуд.
Чунин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ 200 сомонӣ камтар аст, зеро як соли пеш арзиши ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ ташкил медод.
Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Маккау Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ сарф хоҳад шуд.
Ҳамчунин таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ аз ин маблағ хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.
"Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст",- афзудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин ва танзими анъанаву ҷашну маросимҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст ба эълонҳои ширкатҳое, ки гуиё ба Ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд бовар накунанд. Чун ин ширкатҳо чунин салоҳиятро надоранд.
"Азбаски тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар намудани довталабон барои адои маносики ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳои мусулмоннишин амалӣ карда мешавад, ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар наметавонанд дар ҳеҷ шароите барои ҳамватанони мо раводиди ҳаҷро дастрас намоянд. Бинобар ин, онҳо бо додани раводиди сайёҳӣ ё раводиди дигар баъзе аз шаҳрвандони кишвари моро то ба кишвари мизбони ҳаҷ бурда, дар он ҷо ба ҳоли худ мегузоранд" - мегӯяд ин ниҳод.
Бояд гуфт тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13 300$), ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.