Дар маҷмуъ тибқи иттилои КМИР 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5 фоиз ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштирокнамуда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб шуданд:
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон — 5 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон — 3 мандати вакилӣ, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — 12 мандати вакилӣ.
КМИР ва нозирони байналмилалӣ эълон намуданд, ки интихобот ошкорою шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардид.
КМИР қайд кардааст, ки дар интихобот аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
"Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи камолоти фарҳанги сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятию сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад", — иброз дошт раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода.