Қариб аз рӯзҳои аввали оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ҷамъияти тоҷикони Новосибирск ба сарбозони рус ба хатти ҷабҳа кумак мефиристанду дар ҷамъоварии маблағ, фиристодани таҷҳизоти махсус ва шириниҳои шарқ мусоидат мекунад.
Сарбозон дар навбати худ борҳо аз "бародарони точик"-и худ изҳори миннатдорӣ баён карда, аз хатти ҷабҳа табрикномаҳои видеои фиристоданд.
Илҳом Шомирсаидов, намояндаи ҷамоати Ворухи Новосибирск ба Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Мо борҳо кумак кардем ва кумак хоҳем кард! Наздикони мо, дӯстон ва хешу табори мо дар онҷо ҳастанд".
Илҳом Шомирсаидов аслан аз Ворухи вилояти Суғд аст. Ӯ ҳанӯз соли 1994 ба Новосибирск кӯч баст, ҷои кор пайдо кард ва дар он ҷо зиндагӣ дорад.
Ман дӯстон, аз ҷумла ҳамватанонамро пайдо кардам. Маҳз бо онҳо ӯ барои кори хайр - барои кӯмак ба сарбозон дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ муттаҳид шуд.
Ҳамаи аъзоёни ҷомеа шаҳрвандони Русия мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо Маркази ёрии равониву ҳуқуқӣ ба собиқадорон ва иштирокчиёни амалиёти вижаи Сибир борҳо маблағ ҷамъоварӣ намуда, ба хатти ҷабҳа таҷҳизоти махсус ва ҳатто шириниҳои шарқ фиристодаанд. Аз сарбозон ҳамеша сипосу посух мегирифтанд.
Чӣ гуна ҷанговарони амалиёти вижа ба ҷамъияти тоҷикон барои кумакҳояшон сипос мегӯянд дар виедеои мо томошо кунед