ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ дар "Baku Grand Slam 2025" мақоми 12-умро ишғол намуд, иттилоъ додааст Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, медалҳои биринҷиро Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ба даст оварданд.
Дар мусобиқа ду паҳлавони номдори Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) соҳиби ҷойи панҷум ва Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг) ҷойи ҳафтум шуданд.
Ин аввалин иштироки ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 мебошад.
“Baku Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузург”), рӯзҳои 14-16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – доир гардид.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки 258 варзишгар (166 мард ва 92 зан) аз 36 кишвар, баргузор шуд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Baku Grand Slam 2025” шаш варзишгар - Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов дохил буданд, ки дар сабқати мардон рақобат карданд.
Дар ин мусобиқа мунтахаби Ҷопон бо касби 17 медал (10 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Олмон бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Озарбойҷон бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар зинаи 12-ум ҷойгир шуд..
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.