Дар Суғд миқдори зиёди молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташ гузашта ошкор ва мусодира карда шуд.
Дар ин бора Ғайбулло Муҳиддинов, сардори Раёсати "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта аз сӯи мутахассисони ин ниҳод 52 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 149 ҳазор кг равғани растанӣ, 140 килограмӣ намаку шири пастсифат ва муҳлати истифодааш гузаштаро аз бозору мағозаҳо дарёфт ва нобуд карданд.
Ҳамчунин миқдори зиёди қаннодӣ,чой, шарбат ва дигар маҳсулоти ғизоӣ, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуданд аз фурӯш бароварда шуданд.
Муҳиддинов зикр намуд, ки бо вуҷуди санҷишу суҳбатҳои мутахассисон бо соҳибкорону тоҷирон фурӯши маҳсулотҳои пастсифат дар қиёс ба соли 2023 дар соли 2024 зиёдтар ба қайд гирифта шуд.
Тоҷирон барои чунин бемасъулиятӣ ба маблағи 253 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки ин рақам низ нисбат ба соли 2023 ҳудуди 46 ҳазор сомонӣ бештар аст.