Баъд аз таваққуфи чандсола, ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд аз сар гирифта шуд.
Дар ин масир ширкатҳои ҶСК “Сорбон” ва “Новосибирск гортранс”, ИП “Исохаджаев” ба интиқоли мусофирон машғуланд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон маълум кард, ки мусофирон дар чӣ вақт аз Хуҷанд ба самти Новосибирск бо автобус ҳаракат мекунанд.
Икромиддин Зокиров, сардори шуъбаи мусофиркашонии байналмиллӣ дар ҶСК “Сорбон” зимни суҳбат гуфт, автобус дар ду рӯз як маротиба аз шаҳри Хуҷанд ба самти Новосибирск ба роҳ мебарояд.
“Мувофиқи ҷадвали аввал автобус аз шаҳри Хуҷанд дар ду рӯз як бор соати 22:20 ҳаракат мекунад ва баъди 50 соату 30 дақиқа соати 03:25 ба шаҳри Новосибирск мерасад. Аз Новосибирск бошад, боз ҳам дар ду рӯз як бор соати 10:25 ҳаракат карда, баъди муддати зикршуда соати 10:40 ба Хуҷанд мерасад” – шарҳ дод, Зокиров.
Ин масъули ширкати мусофирбарӣ гуфт, ба ҷузъ Новосибирск ҳоло ба ду самти дигар Тюмен ва Сургут ҳам автобусҳои мусофирбарӣ аз Хуҷанд ҳаракат мекунанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, автобусҳо аз назди идораи “Сорбон” (собиқ таксопарк), маҳаллаи 17- и шаҳри Хуҷанд ба роҳ мебароянд. Автобусҳои аз Русия омада дар автовакзали “Роҳи абрешим” дар маҳаллаи 34 -уми шаҳри Хуҷанд таваққуф мекунанд.
Икромиддин Зокиров мегӯяд, роҳандозии чунин хатсайрҳои автобус як роҳи алтернативии мусофиркашонии байнулмиллалӣ буда ба рушди робитаҳои сайёҳӣ ва иқтисодӣ замина фароҳам меоварад.