Дар Осиёи Марказӣ артиши кадом кишвар қудратманд аст?

Артиши Тоҷикистон дар раддабандии ҷадиди “Global Firepower” (GFP) аз қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, Кирғизистон, Казоқистон ва Туркманистон қафо мондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Сомонаи “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 145 кишвари дунё дар мақоми 108-ум гузоштааст.
Соли 2023 Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар мақоми 120 менишаст ва давоми як сол тағйироти назаррасе сурат гирифтааст ва ҷумҳури дар ин радабандӣ 12 зина боло рафтааст.
Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Қазоқистон унвон шудааст, ки дар зинаи 57 қарор гирифтааст.
Узбекистон дар ҷойи 58-ум, Туркманистон дар зинаи 77, Қирғизистон дар ҷойи 105 ва Афғонистон дар ҷойи 118 қарор гирифтаанд.
Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи сеюмро Чин гирифтаанд.
Аз Хатлон 300 нафар даъватшавандаҳо ба курсҳои ройгон ҷалб мешаванд
Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониё, Фаронса, Ҷопон, Туркия, ва Итолиё дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар ин радабанди артиши Туркия дар ҷой и 10 қарор гирифтааст, ба гуфтаи бархе аз коршиносон миёни кишварҳои НАТО артиши дувум баъд ИМА мебошад.
Дар ин радабандӣ вазъи низомии 145 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудааст. Гузоришгарон ҳангоми тартиб додани феҳраст на танҳо шумораи силоҳ, балки намуд ва қудрати онҳо низ ба назар гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар тартиб додани ин радабандӣ мавқеи ҷуғрофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён низ мавриди назар аст.