ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" бо арзиши 50 миллион доллар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ-ороишӣ бунёд мегардад
Ин масъала ахиран дар ҷаласаи ахири пурлумони Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст, мақсад аз татбиқи созишномаи мазкур ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти нави воридивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии сармоягузории барои татбиқи лоиҳаи пешбинишуда беш аз 50 миллион долларро ташкил дода, муҳлати сохтмони корхона 18 моҳро дар бар мегирад.
Қайд карда шудааст, ки иқтидори истеҳсолии 12 360 000 метри квадратӣ дар як солро дар бар мегирад.
Қайд карда шудааст, ки пас аз ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани корхона зиёда аз 500 ҷойи кори доимӣ ва 1000 ҷойи кории ғайримустақим (сохтмон, таъминоти ашёи хом ва боркашонии маҳсулоти ниҳоӣ) таъсис дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал на кам аз 80% кормандони нро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Дар парлумон аз рӯйи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шудааст.