Рубл арзону доллар гарон: БМТ аз вазъи бозори асъор дар охирин рӯзҳои сол гуфт

Арзиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ 0,3 сомонӣ поин рафта, қимати евро ва доллар бошад, каме гаронтар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон қимати рубл дар қиболи арзи миллӣ каме коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 111,8 сомонӣ қимат дорад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд ин миқдорро бо қимати 112,1 сомонӣ харид.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ бошад, рӯ ба афзоиш дорад. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9287 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9330 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ низ боло рафта, рафта ҳар евро 11,4031 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,3680 сомонӣ медоданд.
Раҳмон дастур дод, ки фоизи қарзҳо пастару эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо зиёд карда шавад
Ёдовар мешавем, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон карда буд.
Ҳамин тариқ, 28 ноябр дар кишвар 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон он замон бо шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.
Аммо асъори русӣ дигарбора тавонист ба нуқтаи пеш аз уфти сареъ баргардад.
Агар ба нишондодҳои имрӯзу ҳамин давраи соли қаблӣ нигарем, дар Тоҷикистон қурби рубл дар қиболи арзи миллӣ 10 сомонӣ гарон шудааст. Ҳамзамон евро низ арзонтар шуда, аммо доллар бошад устовурияшро ҳифз кардааст.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.