ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мусаввар Баҳодурӣ, раиси кумитаи муҳоҷирати Афғонистон (Ориёно) дар Тоҷикистон, хоҳони таваққуфи ихроҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шуда ва аз Тоҷикистон хости ихроҷи паноҳҷуёнро мутаваққиф кунад, хабар додааст “Ufuq news agency”.
Ӯ аз ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз ин кишвари иброз нигаронӣ кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост аз ҳуқуқи паноҳндагони муҳофизат ва ба таъаҳҳудоти байни алмилалӣ пойбанд бошанд.
Баҳодурӣ дар баёнияи ахири худ ба хониводаҳои афғонистонии осебдида аз ин ихроҷҳо таслият гуфта ва бар таъаҳҳуди ин Кумита барои ҳимоят аз муҳоҷирон таъкид кардааст.
Ӯ хотирнишон кард, ки раванди ихроҷ, ки беш аз як ҳафта идома дорад, боиси нигаронии густарда дар миёни ҷамъияти паноҳҷуён шудааст.
Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон, ки беш аз 27 сол аст дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба унвони воситаи байни паноҳҷуёни Афғонистон ва мақомоти маҳаллӣ амал мекунад.
Ин Кумита, ки таҳти чорчӯби қонуни вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолият дорад, ба нигарониҳои муҳоҷирони расидагӣ ва гуфтугӯ бо ниҳодҳои давлатиро тасҳил мекунад.
Баҳодурӣ аз Тоҷикистон хоста то ба таъаҳҳудоти байналмилалиаш эҳтиром бигузорад.
Бисёре паноҳҷуёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз озору азияти Толибон* фирор карда ва паноҳандагӣ дарёфт кардаанд.
Комитеи муҳоҷирати Афғонистон ҳамчунин ба мақомоти Тоҷикистон итминон дода, ки паноҳҷуёни афғонистонӣ ба қавонин ва одобу русуми маҳаллӣ эҳтиром хоҳанд гузошт.
Ин Кумита мутааҳҳид шуд, ки бо неруҳои амниятии Тоҷикистон барои расидагӣ ба фаъолиятҳои муқаррари ғайриқонунӣ тавассути афрод аз тариқи иқдомоти қонунӣ ҳамкорӣ кунад.
Баҳодурӣ баёнияашро бо ҳимоят аз роҳи ҳалҳои дипломатик барои муҳофизат аз муҳоҷирони осебпазир Афғонистон ва дар айни ҳол ҳифзи равобити қавии байни Афғонистону Тоҷикистон хотима додааст.
Ӯ бар лузуми талошҳои муштарак барои ҳимоят аз ҳуқуқи башару тазмини амнияти паноҳндагон таъкид кардааст.
Дар ҳамин ҳол, пештари манобеъ аз ихроҷи ҳудӯди 20 ҳазор хониводаи афғон аз Покистон тайи 9 моҳи ахир хабар дод ва гуфт, ки беш аз 19 ҳазор ва 500 хониводаи муҳоҷири афғонистонӣ дар 9 моҳи ахир аз Покистони ихроҷ шудаанд.
*- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад