ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақӣ гуфт, кишварҳои ҳомии ДИИШ** дар оташи паноҳ додан ба ин гурӯҳ хоҳанд сӯхт, иттилоъ додааст "Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон".
Оқои Муттақӣ дар маросими хоксупории Халилулраҳмон Ҳаққонӣ бо ишора ба решаи берунии ҳамалоти ДОИШ** дар Афғонистон, гуфт аз ҳар ҳафт ҳамлаи ДОИШ**-иҳо дар кишвар, шаш маврид дар хориҷи кишвари барномаи резӣ шудааст.
Оқои Муттақӣ дар маросими хоксупории Халилулраҳмон Ҳаққонӣ бо ишора ба решаи берунии ҳамалоти ДОИШ** дар Афғонистон, гуфт аз ҳар ҳафт ҳамлаи ДОИШ**-иҳо дар кишвар, шаш маврид дар хориҷи кишвари барномаи резӣ шудааст.
Муттақӣ бо интиқоди тунд аз ҳомиёни ДОИШ , гуфт ки мо аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя мехоҳем, чашми худро бар ин золимон ( террористҳои ДОИШ**) набанданд.
Вай ҳушдор дод, ки ин гуруҳ на танҳо барои Афғонистон балки барои шумо низ музиранд.
“Ба онҳо паноҳ надиҳед ва аз онҳо ҳимоят накунед. Дар ин оташ, ҳама хоҳанд сӯхт”, - қайд кард оқои Муттақӣ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш гурӯҳи террористии ДОИШ** масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи вазири умури муҳоҷират ва удват кунандагон бар уҳда гирифт.
Ҳаққонӣ чаҳоршанбе дар инфиҷоре дар назди вазорати умури муҳоҷирин ва удваткунандагон Толибон* кушта шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран бо нашри баёнияе дар шабакаи иҷтимоии Х навишта, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ дар як ҳамлаи "ноҷавонмардонаи хавориҷ" кушта шудааст.
Халилулраҳмон Ҳаққонӣ мутаваллиди соли 1966 дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон буд. Ӯ падарамаки Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохилаи Толибон* бародари бунёнгузори шабакаи Ҳаққонӣ, Ҷалолиддини Ҳаққонӣ буд.
Ҷалолиддин Ҳаққонӣ аз фармондиҳони аршади муҷоҳидин дар баробари Шуравӣ дар даҳаи 1980 шинохта мешуд.
Аз ибтидои эъломи кабинаи ҳукумати Толибон* пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон Халилулраҳмон Ҳаққонӣ ба унвони вазири умури муҳоҷирин ва удваткунандагон таъйин шуд, ки то замони кушта шуданаш дар ин вазифа боқии монда буд.
*-гӯруҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
**-созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон