Афзоиши 280 миллиондолларии содироти Эрон ба Тоҷикистон

Мақомдори эронӣ гуфт, ки содироти Эрон ба Тоҷикистон дар солҳои гузашта, ҳудуди 80 миллион доллар буд ва дар ҳоли ҳозир ба ҳудуди 280 миллион доллар расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Узви ҳайати утоқи муштараки Эрон Муҳаммади Донишӣ гуфт, ки Тоҷикистон 10 миллион ҷамъият дорад ва 90 дарсади ин ҷамъиятро мусулмонон ташкил доданд, ҳамаи колоҳои содиротии Эрон ба Тоҷикистон, оҳанолот, кафш, дору, лавозими осонсур, кейку кулуча, кошӣ, санг, мева, хурмо, маводи хӯрокӣ ва ширихушк аст, иттилоъ додааст хабаргузории "Тасним".
Вай афзуд бештарини колои воридотӣ аз Тоҷикистон ба самти Эрон, Туркия ва соири кишварҳо, дар мартабаи аввал, тиллост ки ба Швейтсария содир мешавад.
Дониши афзуд, дар сол ҳудуди 50 ҳазор тонна пунба ба Эрон, зуғоли санг ба кишвари Ҳиндустону Чин ба сурати тронзит, хушкбор ба Ироқ ва Аморати Муттаҳида низ ба сурати тронзит аз Тоҷикистон ирсол мешавад.
Узви ҳайати раисаи утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон хотирнишон кард, ки дар заминаи гумрук, байни 20 то 25 дарсад молиёт дарёфт мекунад, бо ин вуҷуди иқбол ба фаъолият бо Эрони нисбат ба Чину Туркия бештар аст, ҳамчунин дар баҳси саломату амнияти сармоя низ агар кор ба шакли қонунӣ анҷом шавад, мушкилӣ ба вуҷуд намеояд.
Эрон гуфт, дар тиҷорат бо Тоҷикистон чӣ монеъ шудааст
Оқои Дониш бо баёни ин ки беҳтар аст вуруд ба Тоҷикистон бо сабти ширкат бошад афзуд: фароянди фаъолияти корӣ бояд дар онҷо қонунӣ бошад, албата интиқоли пул ҳануз ба Эрон бонкӣ нашуда ва ба сурати саррофӣ анҷом мешавад ва ин дар ҳолест, ки зарфияти хубе барои фаъолият дар заминаи гардишгарӣ, саломат, маъдан, санг ва кошӣ вуҷуд дорад.
Вай тасреҳ кард, ки Тоҷикистон, полоишгоҳ надораду бештари нафту гази худро аз Русия ва Қазоқистон таҳия мекунад, ин кишвар дар заминаи кишоварзӣ, домдорӣ ва сохтимон низ фаъолиятҳои хубе доранд ботаваҷҷуҳ ба инки дар атрофи ин кишвар манотиқи кӯҳистонӣ вуҷуд дорад, кишоварзии онҳо бештар ба сурати меваҷот аст, домдорӣ ва сохтимонсозӣ дар ин кишвари фаъолият хубе дорад, бештари васоили сохтимонии худ аз ҷумлаи кошӣ, лӯлаҷот ва симу кабелро Эрон ворид мекунанд.