“Такфириҳои Осиёи Марказӣ” ё ҷанги охирини Вашингтон барои бақо

Зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба сафи ҷангҷӯёне, ки дар ҳаводиси рӯзҳои ахир дар Сурия мегузарад, ҷалб шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар Сурия беш аз як ҳафта аст, ки миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва террористҳо даргириҳои шадид идома дорад.
Вазъият баъди он шиддат гирифт, ки гур-ҳҳои "Ҳайят Таҳрир аш-Шом”* созишномаи паст намудани шиддатро вайрон карда, ба музофотҳои Ҳалаб ва Идлиб ҳамла карданд.
Онҳо ба маҳалаҳои аҳолинишин ва мавқеъҳои низомӣ ҳамла карда, баъд аз чанд рӯз ба амалиёти густарда гузаштанд.
Артиши Сурия баъд боздоштани ҳамлаҳои террористон ба ҳамлаҳои ҷавобӣ ба бархе аз маҳаллаҳои ишғолшуда оғоз кард.
Бо ин ҳол, Ҳалаб ва атрофи он то ҳол таҳти назорати комили ҷангҷӯён боқӣ мондааст, ки барои аввалин бор аз оғози бӯҳрон дар Сурия дар соли 2011 рух дод.
Аммо на танҳо суръати рӯйдодҳо ҳайратовар аст. Шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар тасарруфи шаҳрҳои Сурия дар сафи созмонҳои террористӣ низ ширкат доранд, ки ин бори дигар суоли аҳдофи ниҳоии ҳузури онҳо дар Ховари Миёнаро ба миён меорад.
Нигаронии дигарбораи СПАД аз ҳузури террористҳо дар Афғонистон
Зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо террористон дар Сурия чӣ иртибот доранд ва ин воқеан чӣ гуна ҷанг аст - хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ин масъаларо таҳлил кард.

Оё имкони бозгашт вуҷуд дорад?

Дар пасманзари ҳаводиси ахир баҳсҳо дар бораи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои созмонҳои террористӣ бо шиддати тоза ҷараён гирифт.
Сабаби ин наворҳое буд, ки дар он ҷангҷӯён бо забони тоҷикӣ ҳузури худро дар майдони набард дар Ҳалаб тасдиқ кардаанд. Чунин наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Узбекистон, Афғонистон ва Чин нашр кардаанд. Аксари онҳо ба ин ақида ҳастанд, ки ба ҷангҳои оянда дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд.
Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм таҳти пайгард қарор доранд ва тайи ним соли гузашта ҳудуди 220 нафар дар пайи корҳои тавзеҳӣ довталабона ба Тоҷикистон баргаштанд.
“Ҳоло ки фурсат доранд, ҷавон ҳастанд, ба ҷони худ ҷабр накунанд, падару модар ва наздикони худро азият надиҳанд, зиндагии мардуми кишварҳои дигарро фирефтаи шиорҳои дурӯғ шуда, хароб насозанд, бозичаи дасти қудратҳои бузург нашаванд ва аз сиёсати башардӯстонаи давлат, ки барои онҳо роҳи бозгашт ва озодиро боз гузоштааст, баҳрабардорӣ карда, ба ватан ва оғӯши наздикони худ баргарданд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Дар Тоҷикистон як маркази мубориза бо терроризм таъсис мешавад
Ишораи вай ба моддаи 401, қисми 1 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аст, ки бино ба эзоҳи ба он афзуда, “шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”.

Дасти Ғарб

Ҳузури ин шаҳрвандон дар майдонҳои ҷанги Сурия ин суолро ба миён меорад, ки онҳо чӣ гуна ва аз кадом масирҳо ба гуруҳҳои террористӣ мепайванданд?
Тайи 13 соли гузашта, аз замоне, ки ҷанг дар Ховари Миёна оғоз шуд, масир маълум буд: аксари онҳо нахуст ба муҳоҷират ба Русия рафта, ё аз худи Тоҷикистон, мустақим ба Туркия ва аз он ҷо худро ба Сурияву Ироқ мерасонданд.
Бавижа пас аз он, ки Туркия шуруъ аз моҳи апрели соли равон, пас аз ҳамлаи террористӣ ба Толори консертии “Крокус” дар ҳумаи Маскав, барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард ва ҳам назорат бар убуру мурури зодагони Осиёи Марказӣ дар марзҳояшро ташдид бахшид, масирҳои қонунӣ таҳти назорат қарор доранд.
Як қисми дигари ин ҷангиён, ҳамон боқимондаҳои ДОИШ* ҳастанд, ки пас аз шикасти сангинашон дар солҳои 2016 то 2018 дар минтақаҳои хоси Сурияву Ироқ ва Лубнон паноҳ бурда ва ё ба Афғонистону дигар кишварҳо интиқол ёфта буданд, ҳоло ба “Таҳрири Шом”* пайвастаанд.
СПАД аз хатари густариши терроризм аз Афғонистон ҳушдор дод
Як манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд, теъдоди бузурги ҷангиёне, ки дар ҷанги ахири Сурия ширкат доранд ва зодагони Осиёи Марказиву ӯйғурҳои Чин ҳастанд, як моҳи қабл аз Афғонистон ба Туркия интиқол ёфтаанд.
“Онҳо соли қабл дар минтақаи Данди Ғӯрии вилояти Бағлон омӯзиши низомӣ дида, баъдан дар вилояти Форёб зиндагӣ доштанд. Камтар аз як моҳ қабл ҳудуди дусад нафарашон аз сӯи истихбороти Туркияву Инглис ва бо ҳамкории Толибон бо як парвози чартерӣ аз майдони ҳавоии шаҳри Мазори Шариф ба Туркия интиқол ёфтанд”, - гуфт манбаъ.
Коршиносон чунин як низоми ташкили ҷангҳову буҳронҳо аз сӯи истихбороти минтақаву ҷаҳонро як амри тасбитшуда унвон карда, мегӯянд, аз ин ба баъд вазъи амниятии ҷаҳон ташдид ва манотиқи ҷадиди доғ пайдо ва аз ин равишҳо боз бештар истифода хоҳад шуд ва Афғонистон, ки тамоми зерсохтҳои мағзшӯӣ, омӯзиш, тамрин ва будубоши ҷангиёни созмонҳои террористӣ фароҳам шудааст, аҳамияти вижа пайдо хоҳад кард.
Ёфтаҳои Sputnik Тоҷикистон аз манобеъи хос нишон медиҳад, ки контрол ва интиқоли шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба таври низомманд ва аз сӯи истихбороти минтақаву ҷаҳон сурат мегирад.
Бино ба ин ёфтаҳо, қисмате аз ин ҷангиён дар худи Туркия аз қабл ҳузур ёфта буданд ва ҳанӯз чанд соли қабл мақомоти зидахли Тоҷикистон ба ҳамтоёни туркии худ маълумот дар бораи ҳудуди 100 узви созмонҳои террористиро пешниҳод карда буданд, аммо он ҷониб, ба истиснои теъдоди маъдуд, иқдоме барои боздошти бақия накард ва иддае, ки акнун дар Ҳалаб зоҳир мешаванд, эҳтимолан дар ҳамон рӯйхат зикр ёфтаанд.
Музаффар Олимов, коршиноси аршад дар умури амниятӣ, мегӯяд, бо ташдиди авзоъ дар Сурия дигарбора собит шуд, ки қудратҳо гуруҳҳои хос ё артиши муздуронро дар кишварҳои алоҳида, бахусус, Афғонистону Ховари Миёна парвариш ва аз онҳо дар эҷоди буҳронҳо ва расидан ба манофеъи геополитикии худ истифода мекунанд.
Баррасии мубориза бо терроризм дар АвруОсиё бо иштироки масъулини тоҷику русиягӣ
“Онҳоро дар ҳама ҷо мебинед. Ховари Миёна, Афғонистон, Украина, Қафқоз , Африқо... Ҷузъе аз ҷанг ҳамин созмонҳои террористӣ, назири “Алқоида”, ДОИШ*, гуруҳҳои марбут ба Осиёи Марказӣ ва ӯйғурҳои Чин, ҳастанд. Байрақи “Толибон” бар фарози Арги Ҳалабро кӣ боло кард? Агар як дасти қавӣ ва сармояи ҳангуфт набошад, онҳо аз ин гӯша ба гӯшаи дигари ҷаҳон чӣ гуна мераванд ва музди онҳоро кӣ медиҳад? Ҳама аз як марказ идора мешавад”, - гуфт Музаффар Олимов.
Иддае дигар аз коршиносон тағйири ғайримунтазира дар майдони ҷанги Сурияро як гуна реванши такфириҳо арзёбӣ карда, ҷанги Афғонистон дар солҳои 80-умро оғоз ва ин кишварро зодгоҳи як “ҳаракати салафӣ-такфирӣ” унвон мекунанд.
Ба қавли онҳо, “баҳори араб” ин ҳаракатро ба як нерӯи ҷаҳонӣ табдил дод, ки дар суқути низомҳо ва ҷангҳои Ховари Миёна нақши калидӣ дошт ва воқеияти ногувор барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин буд, ки шаҳрвандони онҳо аз пешгомони ин ҳаракат буданд, ҳаракате, ки идеологияаш ҳатто ба бунёдҳои мазҳабии минтақа таҳдид мекунад.
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, истихбороти ҷаҳонӣ ин “интернатсионали салафӣ-такфирӣ”-ро барои ноамн кардани Осиёи Марказӣ истифода мекунад ва ширкати онҳо дар ҷангҳои Сурия як гуна тамрин аст.
“Амрико дар ҳолати, ба истилоҳ, назъи ҷон ва дар ҳифзи гегемонияи худ дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла иқтисодӣ, бозанда аст. Ноамн кардани ҷуғрофиёи атрофи Русия, Чин ва Эрон дар авлавияти барномаҳо ва шояд ҷанги охирини Вашингтон барои бақо аст. Дар Осиёи Марказӣ, ҳамсоягии ин қудратҳо, танҳо аҳроме, ки дар даст дорад, ҳамин созмонҳои террористӣ ҳастанд, чун дигар барномаҳои, ба истилоҳ, “демократисозӣ”, эҷоди “русҳаросиву чинҳаросӣ” ва “шиаҳаросӣ” ба манзури тазъифи низомҳои ҳамкори Русия, Чин ва Эрон дар ин минтақа ноком мондаанд”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Генерал Родон: Эрону Тоҷикистон якҷоя зидди терроризм мубориза мебаранд
Вай афзуд, аз ин хотир, таҳаввулот дар майдони ҷанги Ховари Миёнаро оғози як фасли ҷадид дар рӯёрӯии қудратҳо мешавад арзёбӣ кард, ки хашинтару хунбортар хоҳад буд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, созмонҳои минтақаӣ, назири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони паймони ҷамъӣ (ОДКБ) – ро зарур аст, ки ҷиддан омодагии худро бигиранд, зеро такфириҳо боз ба лонаи худ бармегарданд.
*созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон