Раиси ВТБ: Иқтисоди Русия бидуни муҳоҷирон “нафасгир” мешавад

Роҳбари бонки ВТБ аз норасоии қувваи корӣ дар Русия шикоят кард ва гуфт бидуни муҳоҷирони корӣ иқтисоди Русия "нафасгир" мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Норасоии қувваи корӣ як маҳдудияти бузурги рушди иқтисоди Русия аст, ки бидуни муҳоҷирон, он имрӯз "нафасгир" мешавад, гуфт Раиси Раёсати бонки ВТБ Андрей Костин.
"Имрӯз, маҳдудияти бузург, ин қувваи корӣ аст, ки мо аз норасоӣ он мушкили ҷиддӣ дорем... Мо чунон ба осони ба зарба "задан"-и муҳоҷирон шурӯъ кардем, ки имрӯз иқтисоди мо "нафасгир" мешавад, мо ин мушкилро бояд ҳал кунем. Муҳоҷиронро берун кардан осон аст, вале касе бояд кор кунад. Мо имрӯз қувваи изофӣ надорем ва ин маҳдудияти бузург аст", гуфт банкдори рус дар Форуми IX байналмилалии "Сиёсати нави иқтисодӣ 2.0: аз мутобиқшавӣ ба пешрафт” дар Донишгоҳи молия.
Ба гуфтаи оқои Костин агар дар Русия касе кор накунад, пас фарқ чист меъёри бозтамвил чанд аст.
“Кӣ ин ҳама корро мекунад, кӣ истеҳсолотро васеъ мекунад, кӣ онро рушд медихад”, — илова кард Костин.
Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки бахши киштисозии Русия ба норасоии қувваи корӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар ин бахш дар касбҳои гуногун аз 10% то 20% норасоӣ вуҷуд дорад.
Песков гуфт Русия ба кадом муҳоҷирон ниёз дораду аз кадом эҳсоси хатар мекунад
"Маҷмӯи як қатор чораҳо вуҷуд дорад, ки бояд на танҳо аз ҷониби Бонки марказӣ, балки аз ҷониби ҳукумат низ амалӣ карда шавад, то ба истилоҳ иқтисодиёти таъминот васеъ карда шавад", - гуфт роҳбари ВТБ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфта буд, ки кишвараш дар шароити мушкилоти демографӣ аз омадани муҳоҷирон корӣ истиқбол мекунад.
Муҳоҷирон барои рушди босуръати Русия заруранд, дар пасманзари вазъи демографӣ омадани шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро истиқбол мекунем, гуфт Дмитрий Песков.
“Ба муҳоҷирон ниёз дорем. Гап дар сари он аст, ки вазъияти демографии мо хеле мушкил аст. Мо дар бузургтарин кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунем, аммо мо кам ҳастем”, - қайд кард, оқои Песков.
"Барои он ки мо ба таври назаррас рушд кунем ва тамоми барномаҳои пешрафти кишварро иҷро кунем, албатта, ба коргарон ниёз дорем. Мо аз онҳо истиқбол мекунем”, - афзуд ӯ.
Риояи қонун, эҳтироми муҳоҷир: Фадеев роҳи танзими муҳоҷират дар Русияро гуфт
Дар ҳамин ҳол, оқои Песков қайд кард, ки дар маҷмӯъ на муҳоҷирон, балки муҳоҷирати ғайриқонунӣ мушкилот эҷод мекунанд.
“Муҳоҷирони корӣ мушкиле надоранд. Мушкилот дар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аст. Дар муҳите, ки қонун поймол мешавад, шароит барои ҳама намуд ҷиноятҳо, ба вижа ифротгароӣ, мазҳабӣ, нашъамандӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Мушкилот дар ҳамин аст", - қайд кард Песков.