Сардиҳои тирамоҳӣ чӣ гуна бозори бухориҳои хонагӣ дар Тоҷикистонро “гарм” кард – видео

Сокинони дар рустоҳои Тоҷикистон, ҳанӯз дар тирамоҳ ба сардиҳои фасли зимистон омода мешаванд
Sputnik
Насби бухориҳои хонагӣ ва сандалӣ аз усулҳои асосии гарм кардани хонаҳои сокинон дар рӯзҳои сарди зимистон дар шароити бебарқию бегазии рустоҳо маҳсуб мешавад.
Ҳамасола бо фаро расидани сардиҳои тобистон, талабот ба бозори бухориҳои хонагӣ ва ё ба истилоҳи мардум “бобоӣ” зиёд мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба бозори печфурӯшии шаҳри Истаравшан сафар кард ва набзи ин бозорро санҷид.
Дар Суғд барои фурӯши гази моеъ “лимит” ҷорӣ шудааст – акс
Ин яке аз калонтарин бозорҳо гуфта мешавад, ки сокинон аз ҳама навоҳии Суғд ба ин ҷо омада ва асбобу лавозимоти зарурӣ барои зимистонгузаронӣ хариддорӣ мекунанд. Бухориҳои хонагӣ ва лулаҳои флизии он яке аз ҷузъҳои асосии ин бозор дар остонаи фасли зимистон маҳсуб мешавад.
Фурӯшандаҳо мегуянд, бо фаро расидани сардиҳо ба қавле кори ин бозор “гарм” мешавад.
Соҳибкорони чинӣ ният доранд дар Хуҷанд аз партов барқ тавлид кунанд
Дар чунин бозорҳо ҳоло як печро бо нархи 250 – 350 сомонӣ хариддан имконпазир аст.
Печҳои “бобоӣ” умдатан бо ангишту ҳезум ва таппак гарм карда мешавад.
Сандалӣ ва печҳои “бобоӣ” чи гуна ба рӯзгори мардумони деҳотҷойҳои Тоҷикистон аҳамият доранд аз ин видегузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.