Раҳмон Фонди Иқлими Сабзро ба кумаки кишварҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим даъват кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран таъсири тағйирёбии илқим дар саросари ҷаҳон ва бо суръат обшавии пиряхҳо, ки захираҳои асосии оби тоза мебошанд, изҳори нигаронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфт, ки ҳадафи асосӣ ин пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.
Ба гуфтаи вай зери таъсири тағйирёбии илқим, пиряхҳо, ки ба таври умум, 75 фоизи захираҳои асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, босуръат коҳиш меёбанд.
Ба ҳамин хотир роҳбари кишвар, барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурд.
Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш пешниҳод намуд, ки миёни кишварҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю дониш густариш дода шавад.
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин амр метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад.
“Дар баробари ин, ҷалби захираҳои молиявии ҷаҳонӣ ба ин мақсад, аз ҷумла ба Хазинаи махсуси ҳифзи пиряхҳо амри муҳим арзёбӣ гардид”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури кишвар дар ин ҷаласа аз Фонди Иқлими Сабз даъват кард, ки ба дастгириашон аз кишварҳои осебпазир, хусусан Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бештар аз натиҷаи тағйирёбии иқлим хисорот мебинанд, авлавият диҳанд.
Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
“Кишвари мо мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро, аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст” – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
БОР ба зарурати идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъкид кард
Роҳбари давлат изҳори умед намуд, ки минбаъд нигарониҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон 12 ноябр чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ шуд, баргузор шуд.