ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд Қароргоҳи нави президенти Тоҷикистон сохта мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, бунёди бинои нав ба ҷои бинои қаблии қароргоҳ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.
© Foto / Исполнительный орган государственной
власти Согдийской области
Тибқи лоиҳаи пешакӣ иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд.
Қайд карда шудааст, ки маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо тарҳи пешниҳодшуда ба лоиҳакашону меъморон барои боз ҳам такмил додани лоиҳаи биноҳои сохташаванда ва ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.
Ҳамчунин дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Боғи фарҳангию фароғатии "Ғалаба"-и шаҳри Хуҷанд, ки дар канори дарёи Сир ҷойгир аст таҷдиду навсозӣ мешавад.
Лоиҳаи навсозии Боғи фарҳангию фароғатии "Ғалаба" –и шаҳри Хуҷанд низ ба роҳбарияти вилоят муаррифӣ карда шуд.
Бодя қайд кард, ки боғ дар маҳаллаи серодами шаҳр ва илова бар ин дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, бо навсозии он барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.