ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Наврӯз Кишваров, сардори шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, хабар додааст, ки барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти барқӣ саъю талош доранд то ин ки дар фасли сармо сокинони шаҳр бо барқи хушсифат таъмин гарданд.
Оқои Кишваров иброз дошт, ки дар нуҳ моҳи соли равон 12 пояи оҳану бетонӣ, бештар аз 30 трансформатори қуввагии иқтидорашон 6-10\0,4 кВ таъмир, инчунин, 44 ҷудокунаки корношоям ва ба дарозии 3,4 км дар хатҳои ҳавоии барқӣ ноқилҳои шиддатнокиашон баланд иваз карда шуданд.
Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, ба хотири сарфакорона истифода намудани неруи барқ ба сокинон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Фаридун Раҳматуллоев, роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки нишондодҳо дар самти фурӯши барқ нисбат ба соли қаблӣ беҳтар буда, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ бештар гардида, талафоти неруи барқ коҳиш ёфтааст.
“Дар нуҳ моҳи соли равон 40 миллиону 352 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи неруи барқ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 3 миллиону 808 ҳазор сомонӣ зиёд аст”, - қайд кард ӯ.
Вай илова кард, ки талафоти неруи барқ ба ҳолати 1-уми октябри соли равон ба 31,5% баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1% пойин рафтааст.