ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳафтаро боз бо коҳиш оғоз карда, ҳамакнун барои 1000 рубл 108,7 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта ҳазор рублро мешуд бар ивази 109,4 сомонӣ харид.
Қурби доллар низ пас аз болоравии тадриҷӣ коҳиш ёфтааст. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш як долларро метавон ба 10,6559 сомонӣ ва ҳоло 10,6481 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори арзи кишвар майли коҳиш дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳар евроро бо қимати 11,5638 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ он 11,5744 сомонӣ қимат дошт.
Ёдовар мешавем, ки рубли русӣ дар Тоҷикистон яке аз арзҳо серистифода ба шумор меравад.
Зеро садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.