Ин нуктаро Фируза Абдуллоева, омӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи мактаби авруосиёии "Забони сулҳ" дар Маскав баён дошт.
Ба гуфтаи Фируза Абдуллоева, омӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд, дар мактабҳои русӣ дар синфҳо шумораи талабагон хеле зиёд аст.
Ба гуфтаи вай, Талабот хеле зиёд аст ва дар ҳар як синф бо забони русӣ аз 30 то 35 нафар бачаҳо таҳсил доранд.
“Хоҳиши омӯзиши забон калон аст. Онҳо медонанд, ки дар оянда ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд. Онҳо барои ин махсус тайёрӣ мебинанд, мехонанд, ба дарсҳои иловагӣ меоянд, то ки забони русиро амиқтар омӯзанд”, - гуфт ӯ.
Омӯзгори тоҷик қайд кард, ки талабот хеле зиёд аст.
“Фикр мекунам, ин кор ояндадор аст, дӯстии Тоҷикистону Русия боз ҳам қавитар мешавад. Ман худам дар замони шӯравӣ мактаби русиро хатм карда будам. Мо бо русҳо зиндагӣ мекардем. Ман ин шаҳрро хонаи дуюми худ мешуморам, гарчанде бори аввал дар Маскав ҳастам. Ман интизориҳои зиёд дорам”, - қайд кард Фируза Абдуллоева.
Омӯзгори фанни забони русии гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд зикр кард, ки барои мактабҳо ба китобҳои дарсии мактабӣ аз фанни забон ва адабиёти рус ниёз доранд.
“Дар мо китобҳои дарсӣ намерасанд”, - гуфт ӯ.
Вай ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои болоӣ мактаби махсуси русӣ ба номи Чехов вуҷуд дорад.
Омӯзгор таъкид кард, ки шумори мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон кофӣ нест. Ва изҳори умедворӣ кард, ки шумори мактабҳо дар оянда зиёд хоҳанд шуд.