Сокинони се шаҳри Тоҷикистон тавонистанд аз ҳунарнамоии яке аз маъруфтарин дастаҳои низомии ҷаҳон баҳравар шаванд.
Гуруҳи мусиқӣ, ки соли 1927 ташкил ёфтааст, гуруҳи овозадори низомӣ буда, он асарҳои классикӣ ва муосири мусиқии русро иҷро мекунад.
Сокинони Душанбе барномаи вижаеро, ки оркестри марказии низомии вазорати дифоъи Русия омода кардааст, шуниданд.
Намоиш дар Театри опера ва балети ба номи Айнӣ баргузор шуд, аммо пеш аз он дар кӯча консерти махсуси парад баргузор шуд.
Навозандагон асарҳои ҳарбӣ ва асарҳои машҳури шӯроию русиро, ки кайҳо боз дар бисёр кишварҳо дустдошта шудаанд, иҷро карданд.
Барномаи консертии оркестри маъруфи низомӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак низ доир шуд, ки писанди бинандагон гардид.