Муҳаққиқон ба дарёфти ёдгориҳое муваффақ мешаванд, ки мавҷудияти ин шаҳри тоҷикон дар 5500 соли қабл дар асрҳои санг (энеолоит) ва бринҷиро собит менамояд
Пажӯҳишгарони тоҷик бо ишора ба оғози кашфи Саразм як воқеаи аҷиби таърихӣ нақл мекунанд, ки он ба нақши як духтарчаи 8 – сола ва падараш, сокинони Панҷакент иртибот мегирад.
Саидбибӣ Тоатова, ходими осорхонаи Саразм мегуяд, соли 1976 сокини рустоии шаҳри Панҷакент, Ашӯралӣ Тайлонов, ки иштирокчии ҶБВ ҳам буд, духтарчаи 8 - солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона мераванд.
Дар осорхонаи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро бо завқ тамошо мекунанд ва дар зимн Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз Ёрӣ – деҳаи Панҷакент ёфтшуда изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа мекунад.
“Ба ин тартиб, бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов барои овардани табарча ба хонаи Тайлонов меравад ва ҳамин тариқ аз моҳи сентябри соли 1976 ба кашфи қадимтарин шаҳраки Суғдиён - Саразм оғоз мебахшад” – зикр кард, Тоатова.
Шаҳри Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна мебошад, ки дар болооби Зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шудааст. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст.
Яке аз барҷастатарин бозёфтҳои таърихӣ дар ин масир дарёфти қабри маликаи Саразм мебошад, ки 5500 сол пеш, дар сини 25 — солагӣ ба хок супурда шудааст.
Соли 1984 аз ҷониби муаррихи номвар Абдуллоҷон Исҳоқов, се қабр боз карда мешавад ва дар якеи он маликаи Саразм бо ҷавоҳироти зиёдаш пайдо мешавад.
“Даспонаи аз устухони фил сохташуда, оинаи рӯбинии бо бринҷӣ пушонидашуда ва 6 - ҳазор марҷонҳои гуногуннавъу 49 - дона муҳраҳои тиллоӣ барои ороиши мӯйи сар, ки ҳамагӣ ба малика хос мебошад, ёфт шудааст” – гуфт, ходими осорхонаи Саразм.
Ҳоло дар осорхонаи Саразм қабри малика бо ҳамон тарзе, ки 5500 сол пеш гуронида шуда буд, дар зери ойина дидан мумкин аст.
Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз ш. Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст.
Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвинский Саразм маънои "Сари замин"-ро дорад.
Тавре аз ёдгориҳои ёфтшудаи таърихӣ бармеояд, шаҳри Саразм дорои қасру маъбад, маҳаллаҳо ва аз кӯчаҳо иборат будааст.
Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ бештар машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ дар он замон хеле равнақ ёфтааст. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд.
Ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд.
Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд.
Хусусиятҳои хоси меъмории Саразмро мавҷудияти иморатҳои азиму мӯҳтамаш ташкил медиҳад. Ҳар як бинои иморатҳо аз 8 то 15 ҳуҷра доштанд, ки дар онҳо аз 20 то 30 кас ё аз 4 то 6 оила зиндагӣ мекарданд.
Аз руи бозёфтҳои сершумор ва гуногуни давраи асри биринҷӣ малум гардид, ки сокинони Сари Замин тақрибан гузаштагони замони асри сангу мисро оид ба истифодаи намуди ҳунармандӣ идома ва такмил доданд. Аз ин ҳунармандони нави замони асри биринҷӣ дар офаридани ашёҳои рӯзгор ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, тайёр кардани чарму пойафзол, сангтарошӣ, маъдангудозӣ ва аз онҳо сохтани ҳар гуна олотҳо ва аслиҳаҳо аз ниёгони худ хело пеш рафтанд.
То ҳол қариб 20 намуд олотҳои мисӣ, биринҷӣ, қурғошимӣ, нуқра ва тиллогиро дарёфт намудем.
Инчунин ханҷар,нуги найза, камон, табар, теша, арашф,сархора,чангакҳои бофандагӣ ва моҳидорӣ, оина, мӯҳр, марҷон дида шудааст.
Зимнан панҷ объекти археологӣ дар деҳшаҳр болопӯшгардида, атрофи он панҷарагирӣ шуд. Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни ориёнӣ эълон ва дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд.
Соли 2010, шаҳркадаи Саразм аз аввалин меъроси таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи меъроси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО шомил шудааст.
Саразм – собитгари он аст, ки решаҳои тоҷикон то ба кӯҷоҳо меравад, ҳатто ба ҳазорсолаҳо пеш ва бо таъриху тамаддуни ғанӣ.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафар карда аз Саразм дидан кард ва манзараҳо ҷилибби диққатро ба дурвини худ сабт намуд.