Ҳавопаймои Су-34 як пойгоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи марзии вилояти Курск бомбаборон кард.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар дода, қайд кард, ки ҳайати шахсӣ комилан нобуд карда шуд.
Таъкид мешавад, ки зарба бо истифода аз бомбаҳои ҳидоятшаванда анҷом дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Русия дар тӯли 24 соат дар манотиқи марзии вилояти Курск беш аз 350 сарбози украинӣ ва ҳашт мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла як мошини зиреҳпӯши пиёданизом, як мошини зиреҳпӯш ва ғайраро нобуд карданд.
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск душман беш аз 18 ҳазору 900 нафар низомиён, 133 танк аз даст додааст.