ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Иштирокчиёни иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳошияи он, ки Департаменти давлатии ИМА ба як бюрои тақсими лавозимоти ҷангӣ табдил ёфтааст, баҳс мекунанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
"Дар ҳошияи СММ онҳо баҳс мекунанд, ки Департаменти давлатии ИМА ба як бюрои тақсими лавозимоти ҷангӣ табдил ёфтааст ва дипломатияи амрикоӣ худро аз эътибор соқит кардааст", - навиштааст дипломат дар канали телеграм-каналаш.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар чорабиниҳои ҳафтаи баландпояи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ ширкат дошт ва дар ҳошияи он даҳҳҳо дидору мулоқот доир карда, нишасти хабарие низ гузаронид.
Ӯ дар бораи амалиёти вижа гуфт, ки дар Украина мо Ғарбро мағлуб хоҳем кард, зеро онҳо забони дигарро намефаҳманд ва "ин пирӯзӣ ба даст меояд, мо ҳеҷ шубҳа надорем".
Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ҳамчун "ҳалкунанда" ихтилофҳоро дар саросари ҷаҳон боз ҳам шадидтар мекунад, "ягон ҳолате нест, ки дахолати Ғарб ба ягон чизи хуб оварда расонад". Мисоли ахир Украина ва бархӯрди Фаластину Исроил аст.
Вай афзуд, СММ дар мавриди ҳамла ба минтақаи Курск бо истифода аз силоҳи ғарбӣ хомӯш монданро афзал медонад, ки ситоиши ҷиноятҳои Киев барои Ғарб дар СММ як нуқтаи ҳатмӣ шудааст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бояд мавқеи бетарафро ишғол кунад, ки ин банди Оиннома бояд риоя карда шавад.
Лавров таъкид кард, ки кишварҳои Аврупои Шарқӣ бояд фаҳманд, ки "хоҷагони" онҳо дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба онҳо эътимод надоранд.