Чаро нархи чорво дар Тоҷикистон баланд шуд? - назари хариддорону фурӯшандаҳо - видео

Нархи чорво дар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба ду моҳи қаблӣ, боло рафта, дар пайи ин раванд нархи гӯшт (лаҳм) ҳам дар бозорҳо то 115 сомонӣ қимат шудааст
Sputnik
Тоҷирони бозорҳо мегуянд, камшавии саршумори чорво ба ин ҳол сабаби болоравии нархи он гардидааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба бозори чорво дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт ва дар суҳбат бо хариддорону фурӯшандаҳо нархи чорворо маълум намуд.
Яке аз роҳҳои маълумнамоии нарх харидуфурӯши вазни зиндаи чорво будааст, ки зарфи як моҳи охир 10 сомонӣ сари ҳар килои он баланд шудааст.
Дадобой Очилов, сокини деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, вазни зиндаи чорвои майда (гусфанд) якбора аз 30 ба 40 сомонӣ ва вазни зиндаи чорвои калон (гов) аз 40 ба 50 сомонӣ боло рафтааст.
Харидорон шикоят мекунанд, тоҷирон баҳона меоранд: гӯшт дар Тоҷикистон қимат шуд - видео
Сорбон Самадов, сокини ноҳияи Мастчоҳ ва яке аз тоҷирони бозор болоравии нархро рад намекунад. Ӯ, яке аз сабабҳои ин вазъро аз камшавии саршумори моли фарбеҳ дар бозорҳо шарҳ дод.
“Моле, ки дар бозор ворид шавад, табиист, ки нархи он боло меравад. Агар ду моҳ қабл як чорвои калонро бо нархи 10 ҳазор сомонӣ харидан имкон дошт, ҳоло ин нарх 12 ҳазор сомонӣ шудааст” – гуфт, Самадов.
Баъе дигар аз хариддорону чорвопарварон сабаби баландшавии нархро ба гароншавии қимати хуроки чорво рабт медиҳанд.
Тавре онҳо изҳор мекунанд, арзиши чорво харҷи парвариши онро намепӯшонад, зеро ҳама намуд хуроки чорворо аз бозор мехаранд, ки дафъаҳои охир он баланд шудааст.
БАОР: амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон метавонад бадтар шавад
Раҳим Раҷабов, яке аз тоҷирони бозори чорво дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, дар пайи ин раванд баъзе аз сокинони ноҳия, ки дар қаблан дар хонаҳояшон гову гусфанд парвариш мекарданд, ҳоло ин шуғли худро фоидаовар намедонанд.
“Мегуянд, ки арзиши моле, ки дар бозор мефурӯшанд, харҷи парваришашро пушонида наметонад, аз ҳамин лиҳоз ҳоло ба ин кор кам мароқ зоҳир мекунанд” – изҳор намуд, тоҷири бозор.
Масъулони Сарраёсати кишоварзии Суғд иттилоъ медиҳанд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 49,4 ҳазор сар чорвои калон ва 265 ҳазор бузу гусфанд парвариш карда шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз болоравии ба эътидол овардани нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар, барои ворид кардани 110 тон гӯшт аз кишвари Қазоқистон шартнома бастааст. То имрӯз беш аз 16 тони ба кишвар ворид шудааст. Аммо тавре мушоҳида мешавад, то кунун қимати гӯшт дар бозорҳо аз 110 - 115 сомонӣ моҳҳои қаблӣ бетағйир боқӣ мондааст.
Даромади зиёд ё баромади зиёд?” – сабабҳои болоравии нархи гӯшт
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кард, ки то 1 сентябри солиравон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калон 2 миллиону 704,2 ҳазор сарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97,7 ҳазор сар ё 3,7 фоиз зиёд аст.
Ҳамчунин ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар моҳҳои январ — августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 148 801 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта10,8 фоиз зиёд мебошад.