ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки низомиён кори худро анҷом хоҳанд дод ва назорат бар тамоми манотиқи вилояти Курскро барқарор мекунанд.
"Артиши мо кори худро то охир иҷро мекунанд, назорат пурра барқарор мешавад. Мо ба ин шубҳа надорем", - таъкид кард Оқои Песков дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи вазъ дар вилояти Курски Русия.
Вай илова кард, ки табиист нақшаҳои низомиён дар ин минтақа ошкоро буда наметавонанд.
"Вазъият, албатта, дар он минтақаҳое, ки ҷангҷӯёни украинӣ ҳастанд, вазъияти изтирорӣ аст", - гуфт намояндаи Кремл.
Ҳамлаи густурдаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар минтақа реҷаи фавқулоддаи федералӣ амал мекунад. Сокинони навоҳии марзӣ ба минтақаҳои амн кӯчонида мешаванд.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, аз оғози даргириҳо дар самти Курск артиши украина беш аз 15,3 ҳазор нафар низомиён ва 124 танкро аз даст додааст.
Дар ҳоли ҳозир амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад.