ВКХ Русия аз ИМА хост, ба ҳамкориҳои Русия бо Эрон бинӣ назанад

Мақоми аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки ҳамкории Маскав ва Теҳрон ба тааҳҳудоти байнулмилалӣ мухолифат намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сент – Sputnik. Маскав аз Иёлоти Муттаҳида даъват мекунад, ки ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Федератсияи Русия ва Эрон "бинӣ назананд".
Дар ин бора, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Рябков ихҳор дошт.
"Ҳамкориҳои мо бо мурури замон санҷида шудааст, ки он унсурҳоеро дар бар намегирад, ки аз нигоҳи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ чизеро вайрон мекунанд ё ба ягон роҳи манфӣ ба амният ё тавозуни минтақавӣ таъсир мерасонанд",- гуфт Рябков.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои Русия ва Эрон дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва нақлиёт хеле аз дур пеш меравад.
"Ҳамчунин ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ вуҷуд доранд. Ҳеҷ кас инро рад намекунад. Аммо ин кори Иёлоти Муттаҳида нест, ки дахолат кунад ва ба масоили дигарон бинӣ халонад. Онҳо бояд бо мушкилоти худ расидагӣ кунанд”, - таъкид кард Рябков.
Ҳамин тавр, дипломат ба изҳороти ахири ИМА, ки гуфт, Эрон ба Русия мушакҳои баллистикӣ додааст.
Раисҷумҳури ҷадиди Эрон Русияро шарики стратегӣ хонд
Рябков ҳамчунин гуфт, эҳтимол аст, ки Русия дар сурати мамнӯъ шудани содироти уран ба Иёлоти Муттаҳида тадобири шадиди ҷавобӣ ҷорӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тарафҳои мусбат ва манфии ин мавзӯъ барраси шуда, паёмадҳои эҳтимолӣ арзёбӣ мешавад.
Пештар сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Носир Канонӣ иттиҳомоти раиси дипломатияи аврупоӣ Ҷозеп Боррел дар бораи интиқоли мушакҳои баллистикии Эрон ба Русияро дурӯғ номид.
Илова бар ин, дипломат эҳтимоли ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо алайҳи соҳаи авиатсияи ҷумҳурӣ ва вобастагӣ ба таҳримҳои баъзе кишварҳои Ғарбро маҳкум кард.