ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта 12%-ро ташкил додааст, ки дар қиёс ба Узбекистон (6%), Қазоқистон (4,3%) ва Қирғизистон (1,8%) ба маротиб зиёд будааст, иттилоъ додааст “Вечерный Бишкек”.
Ин нашрия қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф аст.
Вазорати рушди иқтисод дар соли 2024 афзоиши боз ҳам таъсирбахштар - то 21,2% пешбинӣ кардааст.
Дар назар аст, ки ин пешгӯӣ бо афзоиши шумораи корхонаҳои нав тасдиқи худро пайдо кунад. Ба ҳисоби солона маблаггузорӣ ба корхонаву фабрикаҳои мавҷуда ва нав қариб 19 млрд сомониро ташкил медихад.
Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар кишвар ҳудуди 3,5 ҳазор корхона фаъолият мекунад, ки бештари онҳо дар бахшҳои тавлидот ва истихроҷи маъдан кор мекунанд.
Дар давоми шаш моҳи ахир дар бораи кушода шудани иқтидорҳои нави истехсолӣ мунтазам хабар дода мешавад. Дар маросими ба кор андохтани корхонаҳо, масалан, корхонаҳои нонпазӣ ва нассоҷӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок мекунад.
Дар соли 2024 дар Тоҷикистон 251 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки дар онҳо ҳудуди 2 ҳазор нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Қариб чоряки корхонаҳои нав дар бахши саноати ғизоӣ, соҳаи сохтмон, саноати мошинсозӣ ва бофандагӣ фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, корхонаҳои нав аллакай ба маблағи 60 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон аён аст ва ин ба натиҷаи қабули "Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025", инчунин эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" рабт дорад.
Тибқи гузориши тобистонаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон, ки иқтисоддонҳои амрикоӣ таҳия кардаанд, ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва аввали соли 2024 натиҷаҳои хуби иқтисодӣ нишон додааст. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,2% афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони ғарбӣ афзоиши таваррумро ба болоравии тарифҳои нерӯи барқ пешбинӣ мекунанд. Дар соли 2024 афзоиши касри буҷет пешбинӣ мешавад, ки қисман бо хароҷоти сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рабт дорад.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки Тоҷикистон то замони пардохти пурраи евробондҳои марбут ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар солҳои 2025-2027 ба бӯҳрони қарз мувоҷеҳ аст.
Худи ҷумҳурӣ бесаброна мунтазири анҷоми сохтмони НБО “Роғун” аст, ки он ба калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна бо иктидори 3600 мегаватт табдил меёбад.
Ин имкон медиҳад, ки нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя содир карда шавад ва воридшавии маблағ ба иқтисодиёт бештар гардад. Вале аз ҳама муҳим дар он аст, ки НБО “Роғун” камбуди барқ дар дохили кишварро бартараф мекунад ва барои дар Тоҷикистон сохтани корхонаҳои нави саноатӣ имконият фароҳам месозад.