ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ иброз дошт, ки гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик маҳсуб мешавад.
Вай таъкид кард, ки ин намуди варзиши суннатии тоҷикон таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар масири таърихи тӯлонии миллати тоҷик навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик маҳбубияти зиёд дошта, дар баробари тақвият бахшидани қувваи ҷисмонӣ барои наврасону ҷавонон ҳамчун василаи тарбияи хислатҳои наҷиби инсонӣ хизмат кардааст.
"Тавре, ки аз куҳантарин осори адабии тоҷикон бармеояд, мардуми мо аз замонҳои хеле қадим барои таъмини тарзи ҳаёти солим, такмили ҷасорати ҷавонону наврасон, ҳифзи Ватан ва марзу буми он аз ин навъи варзиши миллӣ истифода мекарданд ва ин анъана имрӯз низ идома дорад", — изҳор дошт президенти Тоҷикистон.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки аз давраҳои хеле қадим то имрӯз побарҷо будани намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ далели соҳибфарҳанг будани миллати тоҷик, рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардида, то 31 август идома меёбад.
Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.
Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.