ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар риштаи футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар бозӣ барои ҷойи сеюми мусобиқоти чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими Эронро шикаст дода, медалҳои биринҷии ин мусобиқаро ба даст овард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналти натиҷаи футболбозони дастаи Тоҷикистон дақиқтар буд – 4:2.
Ба ин тартиб, дар финали мусобиқаи CAFA-2024 рӯзи 24-уми август тимҳои наврасони Афғонистон ва Ӯзбекистон рақобат мекунанд.
Дастаҳои Тоҷикистону Эрон рӯзи 23 август дар бозӣ барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд.
Дар рақобати тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6 мунтахабҳои Қирғизистон ва Туркманистон вомехӯранд.
Дар чемпионати CAFA-2024, ки аз 17 то 24 август дар Душанбе баргузор мешавад, шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон иштирок мекунанд.
Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.