ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раисҷумҳури Қазоқистонро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Қазоқистонро майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо барномаи махсуси фарҳангӣ пазироӣ намуданд.
Зимни суҳбати кӯтоҳ дар фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон Президенти кишвардори Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдилии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Қазоқистон бо сафари давлатӣ рӯзҳои 22-23 августи соли равон дар Тоҷикистон мхоҳад буд.
Ба иттилои вазорати уумури хориҷаи Тоҷикистон ташрифи кишвардори Қазоқистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ доир мешавад.
"Барои имзо бастаи калони ҳуҷҷатҳо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии онҳо Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ хоҳад буд",- афзудааст манбаъ.
Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Дар барномаи сафари президенти Қазоқистон ҳамзамон мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешбинӣ шудааст.