ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳафтаро бо коҳиш оғоз карда, ҳамакнун барои 1000 рубл 119,1 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта ҳазор рублро мешуд бар ивази 120 сомонӣ харид.
Қурби доллар боз тамоюли болоравиро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш як долларро метавон ба 10.6562 сомонӣ ва ҳоло10.6600 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро дар бозори арзи кишвар майли коҳиш дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.7185 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ он 11.7335 сомонӣ қимат дошт.
БМТ ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст, ки чунин аст:
1 доллари ИМА аз 10.6600 то 10.7000 сомонӣ;
1 евро аз 11.7185 то 11.8000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 119,1 то 121 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.