Роҳи оҳани Тоҷикистон барои боркашонӣ аз кишварҳои ИДМ имтиёз гирифтааст

Вазорати нақлиёт ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 72 дарсади ҳамлу нақли байналмилалии Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои ҳамлу нақл аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо тахфифҳои назаррас дарёфт кардааст, хабар медиҳад "Ховар".
Ба гуфтаи сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалиев, беш аз 72 дарсади ҳамлу нақли байналмилалӣ – содироту воридот тавассути роҳи оҳан амалӣ мешавад.
Раиси КВД афзуд, ки ширкат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар нақши муассир дорад.
"Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 3,2 млн тонна бор ва 214,1 ҳазор мусофир интиқол додааст", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин афзуд, ки барои афзоиши ҳаҷми содироти коло ва маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" то 80% имтиёз пешниҳод кардааст.
Тоҷикистон ба бозори Покистону Ҳинд роҳ меёбад: Бунёди роҳи оҳан то сарҳади Афғонистон
Ширкат инчунин бо ширкатҳои роҳи оҳани дигар кишварҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, аз ҷумла дар ҳамлу нақл аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо тахфифҳои назаррас ба даст овард, афзуд роҳбари КВД.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки нақлиёти роҳи оҳан дар Тоҷикистон ба “хатсайрҳои рақамӣ” мегузарад. Ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар миқёси байналмиллалии интиқоли электронӣ ҷорӣ карда шуда, барои ҳамлу нақли автомобилӣ ба хориҷа иҷозати электронӣ дода мешавад.
Ҳамзамон, Даромадгоҳи ягона барои ҳамаи иштирокчиёни бозори нақлиёт бо таъини як намуд рамзи QR таҳия карда мешавад.