ДУШАНБЕ, 15 август — Sputnik. Тоҷикистонро созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳои ғарбӣ як тараф, ҳатто иддае аз руҳониёни ифротии Афғонистону олами ислом “ба нақзи ҳуқуқи мусулмонон” муттаҳам мекунанд.
Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ахбори иғвогарона ва бардоштҳои муғризонаи расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари сиёсатҳои Тоҷикистон алайҳи ифротгароӣ ва терроризм ин ниҳодро водошт, ки мақомоти зидахлро даъват кунад, то муҳтаво ва ҷузъиёти қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросими Тоҷикистон”-ро ба намояндагони дипломатӣ ва расонаҳои дохиливу хориҷии муқими Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ диҳанд.
“Мо хеле мутаассифем, ки гуруҳҳои тахрибкору тафриқаангез дар бархе манотиқи ҷаҳон, ки пешрафту шукуфоии кишвари моро намеписанданд, изҳори ақида ва ҳатто амалкардҳои носолим мекунанд. Иқдомҳои созандаи ҳукумати Тоҷикистонро, ки ба нигоҳ доштани асолати арзишҳои динӣ равона шудааст, ин гуруҳҳо муғризона, беасос ва манфиатҷӯёна шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Гӯё дар Тоҷикистон сатру ҳиҷоб манъ ва анҷоми фароизи ҳаҷ маҳдуд гашта бошад”, - гуфт Фаррух Шарифзода.
Аз охири даҳаи аввали асри равон то ба ҳол ҳукумати Тоҷикистон як барномаеро рӯи даст гирифт, ки бино ба он, сатру ҳиҷоби арабиву афғониву эронӣ, гузоштани риши дароз, рафтани кӯдакону наврасон ба масҷид, таҳсили хонагӣ ва хориҷии дин, таблиғи динӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ва дигар мавриди мушобеҳи марбут ба боварҳои динии мардум манъ шуд.
Нахуст ин мамнуъиятҳоро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бидуни доштани далоили қонунӣ иҷро мекарданд, ки мӯҷиби эътирозҳо дар ҷомиа ва интиқоди созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башари ғарбиву байнулмилалӣ мешуд. Ахириҳо ин иқдомотро “нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои динӣ” – и шаҳрвандон ва ҳукумати Тоҷикистонро “диктатурӣ” мехонданд.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон бидуни эътино ба ин қабил интиқодот пеш рафт ва баъдтар дар соли 2008 парлумони кишвар Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дар соли 2011 Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" – ро қабул кард, ки он ҳама мамнуъиятҳоро расмият мебахшанд.
Соли равон Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бори дигар тағйир дода шуд ва бино ба он, на фақат пӯшидани сатру ҳиҷоби хориҷӣ, “абая”-ҳои дарозу сиёҳ, ҷинсҳои дарида, либосҳои хеле кӯтоҳу нимурён, ба истилоҳи мақомот, “либосҳои бегона”, балки воридоту фурӯши онҳо низ мамнуъ эълон шуд.
Аммо ин тағйирот, зоҳиран, мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи хориҷӣ, созмонҳои ифротиву террористӣ ва ҳатто муллоҳои тундгарои Афғонистону дигар кишварҳои исломиро ба по хезонд.
Аз ҷумлаи созмонҳои хориҷӣ Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR) буд, ки ин қонунро “сахту бераҳмона ва саркӯбкунанда” хонда, онро маҳкум кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки онро бекор кунад.
Аммо мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ифротиву террористӣ ва ҳатто муллоҳои тундгарои кишварҳои исломӣ ин маҳдудиятҳо, аз ҷумла, “манъи сатру ҳиҷоб”-ро як амале алайҳи ислому мусалмонон арзёбӣ карданд ва сухан аз “куфр” заданд.
Дар посух ба ин иддаоҳо Кумитаи дин ва ҳам Шӯрои уламои Тоҷикистон ба сароҳат тавзеҳ доданд, ки сухан на аз манъи сатру ҳиҷоб намеравад, балки манъи либоси бегона меравад, ҳарфи ҳифзи арзишҳои милливу динӣ, мубориза бо ифротияту терроризм дар миён аст, на нақзи ҳуқуқи мусулмонон.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳар миллат, аз ҷумла милали исломӣ, соҳиби либоси миллии худ аст ва Тоҷикистон ҳам либоси миллии худро дорад, ки ба таври табиӣ худ ҳам сатр аст, ҳам ҳиҷоб.
“Ислом дар ин бора ки либоси як зани мусулмон чӣ гуна бошад, аслан ҳукме накардааст. Ҳукм фақат ин аст, ки бояд аъзои бадани зан пӯшида бошад. Аз ин хотир, ҳар миллати мусулмон сатру ҳиҷоби худро тӯли таърих ба вуҷуд овард. Аммо ба номи ислом либосеро низ сохтанд, ки хилофи ислом аст, аз ҷумла бурқаи афғонӣ, ки ҳатто рӯи занро мепӯшад, ҳол он ки рӯи занҳо дар маросими ҳаҷ пӯшида нест”, - гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Бовари мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки бо манъи либосҳои бегона мехоҳанд либоси миллии тоҷикиро ҳифз кунанд.
Абдураҳим Холиқов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, мегӯяд, либоси миллӣ нишони фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллӣ як сутуни истиқлолияти миллии ҳар кишвар аст.
“Ҳамон либосҳои бегона, ки ба номи сатру ҳиҷоб пазируфта мешаванд, аслан либоси миллии ягон кишвари дигар аст ва онро ҷойгузини либоси миллии худ кардан, аслан бегонапарастӣ аст. Аз миёни рафтани либоси миллӣ аз миён рафтани фарҳанги миллӣ аст ва чун фарҳанги миллӣ аз миён рафт, истиқлолияти миллӣ низ таҳти хатар қарор мегирад”, - гуфт Абдураҳим Холиқов.
Ба ҷуз баҳси ҳиҷоб, танзими таҳсили динии кӯдакону наврасон дар дохил ва ҷавонон дар хориҷи кишвар, риши дарози мардон ва маросими ҳаҷро мақомоти Тоҷикистон ба ҳифзи арзишҳои динӣ ва асолати фарҳангиву тамаддунӣ ва мубориза алайҳи тундгароиву терроризм рабт медиҳанд.
Ба назар мерасад, ҳукумати Тоҷикистон хеле ба сароҳат ва вазоҳат аҳдофи худро таъриф кардааст ва чизе нофаҳмову торик дар ин моҷаро нест. Маълум аст, ки мухолифину созмонҳои террористиву муллоҳои ифротӣ аз вазъ истифодаи сӯ мекунанд, аммо суол ин ҷост, ки чаро ҳама, ба шумули созмонҳои хориҷии ҳифзи ҳуқуқ, инро намефаҳманд, ё фаҳмидан намехоҳанд?
Рустами Рушангар, коршиноси умури минтақа, мегӯяд, коре, ки ҳукумати Тоҷикистон кард, ба зоти худ собиқае надорад, зеро яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши ифротият ва терроризмро дар ҳифзи арзишҳои милливу диниаш ташхис дод ва ба назар мерасад, хеле муваффақ аст, ки Ғарб тариқи расонаҳо ва гуруҳҳои дастнишондааш асабонияти худро ба намоиш мегузорад ва мавзуъи арзишиву амниятиро либоси сиёсӣ мепӯшонад.
“Тамоми барномаи Амрикову Ғарб барбод меравад, зеро онҳо мехоҳанд мардуми мусулмони на фақат Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва ҳар куҷое набошад, ҳар чӣ ифротитар шаванд ва ба аҳдофи онҳо хидмат кунад. Чӣ аҳдоф? Як артише ба монанди Толибон** ва ДОИШ* омода шавад, ки ба Русия, Эрон ва Чин зарба зананд ва нуфузи худро густариш диҳанд. Намунаи охиринаш Бангладеш аст. Тоҷикистон амалан исломро аз исломгароён ё ифротгароён ҳифз мекунад”, - гуфт Рустами Рушангар.
Ин коршинос мегӯяд, Амрико ва Ғарб тайи сӣ соли истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ миллиардҳо доллар барои ифротикунии ҷавомеъи исломӣ, аз ҷумла Тоҷикистон харҷ кардаанд ва барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон ин ҳама талошҳоро ноком мекунад, бахусус, ки онҳо тавонистанд чунин як нерӯи ифротиро дар Афғонистон ба қудрат расонанд ва ин барномаҳоро рӯи даст доранд, ки ҷуғрофиёи ин ҳукуматро ба давру бар густариш диҳанд.
*-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
**- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.