Уфти қурби рубл дар Тоҷикистон: якбора панҷ сомонӣ арзон шуд

Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро боз аз даст медиҳад, аммо доллару евро бошад тадриҷан гаронтар мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Қурби асъори русӣ дар Тоҷикистон дар қиболи сомонӣ якбора шабонарӯзи ахир коҳиш ёфт.
Бар асоси эълони Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар бар ивази 1000 рубл 115,2 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта барои 1000 рубл 120,1 сомонӣ медоданд. Яъне тайи як шабонарӯз коҳишёбӣ якбора бештар аз 5 сомониро ташкил дод.
Ҳарчанд тайи чанд моҳи ахир рубли русӣ мизони шинокунундаро касб карда буд, аммо чунин коҳишро аз сар нагузаронида буд.
Қурби асъори амрикоӣ бошад каме боло рафтааст. Агар як рӯз қабл бар ивази як доллар 10.5918 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.5946 сомонӣ медиҳанд.
БМТ гуфт, доллар дар қиболи сомонӣ марҳилаи беқурбшавиро аз сар мегузаронад
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ ҳам боз беҳтар шудааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.5714 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як евро ба 11.5599 сомонӣ баробар буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.5700 то 10.6300 сомонӣ, 1 евро аз 11.6000 то 11.6300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 115,5 то 0.116,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.