ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад.
Дар ин бора котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар дод.
“Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд”, - таъкид кард ӯ.
Шоҳин Самадӣ қайд кард, ки низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.
Бояд қайд кард, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз мавҷуд аст.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҳар сол даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.