ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Раисҷумҳур зимни тамос, ҳисоботи онҳоро доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз шунида, ба барқарорсозии манзили оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари давлат аз суръати пасти барқарорсозӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Ӯ аз раҳбарони шаҳру навоҳӣ талаб намудааст, ки корҳо тезонда шаванд, то ки мардуми зарардида то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд.
"Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти таъмиру тармими муассисаҳои соҳаи маорифро то деҳоти дурдаст зери назорати бевоситаи худ гирифта, санадҳои иҷрои корҳоро шахсан худашон қабул намоянд",- афзудааст манбаъ.
Кишвардор ҳамзамон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин доир ба сари вақт ва босифат анҷом додани кишти такрорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба зимистон дастуру супоришҳо додааст.
Вай таъкид доштанд, ки роҳбарияти тамоми шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъул ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.