Зиёну истеҳсоли худравҳои барқӣ – шарҳи вазир

Вазири саноат ва технологияҳои нав овозаҳо дар бораи ба саломатии инсонҳо зиёнбор будани электромобилҳо ё худравҳои барқиро рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Вай ҳамзамон аз музокирот бо Чин дар бораи истеҳсоли ин худравҳо дар Тоҷикистон хабар дод.
Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, овозаҳо дар бораи хатарнокии сабукравҳои барқӣ ба саломатии инсонҳо бепоя ва маҳсули тахайюли афроди ноогоҳ аст.
“Ин овоза ҳам аз ҷумлаи ҳамон овозаҳоест, ки корхонаи тилои “Зарафшон” ҳамагӣ 40 миллион доллар ба буҷет фоида меорад, аммо ба миллионҳо доллари дигар ба муҳити зист зиён мерасонад. Ҳол он ки даромадҳои буҷет аз ин ширкат солона беш аз 200 миллион доллар аст ва корхона тамоми экспертизаҳои зистмуҳитиро гузаштааст”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, ҳоло ширкатҳои бузург дар бозори сабукравсозӣ рақобат мекунанд ва ин қабил гуфтугузорҳо як гуна таблиғот ё гапу калочаи зиёдест, ки масалан, шояд аз сӯи ширкатҳое, ки бо сӯзишворӣ кор мекунанд, ба миён андохта шаванд.
“Аммо агар ба мавзуъ сад дар сад ихтисосӣ бархӯрд кунем, ин сабукравҳо ба меъёрҳо ҷавобгӯянд. Мешавад, ки аз ҳазор маврид як мавриди шиштани зудҳангом ва харобӣ ё сӯхтори батариҳо иттифоқ афтад, он чӣ ки хоси дигар намудҳои худравҳо аст. Аммо мутмаин бошед, ки ин ба нафъи иқтисодиёти мо аст”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Шералӣ Кабир: Тоҷикистон мошинҳои барқии сохти худашро тавлид хоҳад кард
Сипас Шералӣ Кабир ба ин мавзӯъ пардохт, ки чаро худрави барқӣ барои Тоҷикистон муҳим аст. Вай гуфт, вежагии бозори кишвар ин аст, ки воридоти бисёр зиёде аз маводи сӯхту равған дорад ва солона беш аз яку ним миллиард доллар барои хариди онҳо харҷ мекунад.
“Ин бар тарози арзӣ ё асъори мо таъсир мегузорад. Ин ки барои будҷа пардохтҳои гумрукӣ дарёфт мекунем, як омили мусбат аст, аммо агар ба натиҷаи ниҳоӣ нигоҳ кунем, ин ҳам барои мо судовар нест”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Тибқи иттилои расмӣ, дар нимсолаи гузашта Тоҷикистон аз хориҷ ба 173,1 миллион доллар бо нархи миёнаи 728 доллар сари ҳар тон 237,7 ҳазор тон бензин ва ба 133,1 миллион доллар бо нархи миёнаи 681 доллар барои тон 195,45 ҳазор тон газ ворид кардааст.
Бар илова ҳазорон тон навъҳои дигари бензину дизелу равғаниёт ва қисмҳои эҳтиётӣ барои худравҳои сӯхтӣ ворид карда мешавад, ки аз ҷумлаи воридоти ҳаётӣ ба шумор мераванд.
Шералӣ Кабир афзуд, Тоҷикистон бояд ба таври аҳсан аз захоири табии хеш истифода кунад ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки оби пок ва потенсиали азими энержӣ дорад, қатъан бояд ба самти истифода ва тавлиди худравҳои барқӣ биравад.
Ҷаҳиши воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон: Чанд адад ва бо кадом нарх?
“Ҳол мебинед, ки теъдоди худравҳои барқӣ дар кишвар, қабл аз ҳама шаҳри Душанбе меафзояд ва аз имконоту роҳатии он хабар доред. Масалан, чаҳор то панҷ баробар коромадтару камхарҷтар аст аз нигоҳи молиявӣ ва созгор аст бо муҳит зист”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Вай афзуд, Тоҷикистон худ тасмим дорад, ки тавлиди худравҳои барқиро дар қаламрави кишвар ба роҳ монад.
“Мо дар ҳоли тавсеаи се проект бо кишвари Чин ҳастем. Албатта, интиқоли фановарӣ аз Чин интизор намеравад. Барои фаҳмидани шумо мисоли Ӯзбекистонро бароятон мезанам. Як проект бо ширкати чинии BYD дар ҳол ҳозир дар он кишвар иҷро мешавад. Аммо онҳо сари тавлиди худравҳои ҳибридӣ ҳамкорӣ доранд ва фановариҳои тавлиди худравҳои барқӣ ҳанӯз мунтақил нашудааст”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо се ширкати чинӣ вориди музокира шуда, дар ин амр пешравиҳое ҳам доштааст.
“Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мо алюминиум ва мис - ду ашёи хоми муҳим барои тавлиди худравҳои барқиро дорем ва тавлиди литиуми навъи аъло боз ҳам бо худи чиниҳо барномарезӣ шудааст, ин бад-он маъност, ки мо шароити идеалӣ барои тавлиди худрави барқиро қарор дорем. Чиниҳо инро медонанд ва фикр мекунам, дар ояндаи наздик тавлид роҳандозӣ хоҳад шуд”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Рустами Эмомалӣ хостори пурра ба мошинҳои барқӣ гузаштани ширкатҳои мусофирбарӣ шуд
Бино ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, то 6 июни соли 2024 аз 4350 воситаи нақлиёти кироякаш ё такси дар шаҳри Душанбе 2451 адади онро худравҳои барқӣ ё электромобил ташкил медиҳад. Таносуби электромобил нисбат ба талабот 56, 3 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар пойтахти Тоҷикистон машғуланд, муваззаф гардидаанд, ки то 1 сентябри соли 2025 пурра ба худравҳои барқӣ гузаранд.
Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе 12 ширкати такси фаъолият мекунад.