ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Порис — 2024 аз 10 то 20 ҳазор доллар мукофотпулӣ медиҳад.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.
“Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ тасмим гирифтааст, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис 2024 - ро бо мукофотпулӣ қадршиносӣ намояд”,- таъкид кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки ғолиби ҷойи аввал бо 20 ҳазор доллар, ғолиби зинаи дуюм бо 15 ҳазор ва ғолиби мақоми сеюм бо 10 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.
Кумита таъкид кардааст, ки ин иқдом ба боз ҳам баланд бардоштани руҳияи варзишгарони мамлакат мусоидат карда, барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои гузоштаи онҳо замина мегузорад.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис бо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла ғолиби ҷойи якум бо 300 ҳазор сомонӣ, ғолиби мақоми дуюм бо 250 ҳазор сомонӣ ва ғолиби зинаи сеюм бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Илова бар ин нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.