Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар як шабонарӯзи ахир гурӯҳи нерӯҳои ғарб ба ишғоли мавқеъҳои судманд идома доданд ва ҳамчунин ду ҳамлаи нерӯҳои украиниро дафъ карданд.
Ба иттилои вазорати дифоъ артиши Украина то 470 низомии худро аз даст додааст.
"Кисмхои гурӯҳи Ғарб мавқеъхои хубтарро ишғол карданд. Артиши Русия, ду гурӯҳи механиконидашудаи артиши Украина ва гурӯҳи ҳамлагари 3-уми Қуввахои Мусаллаҳи Украина, бригадаи таъиноти махсуси 12-уми "Азов"* ва бригадаи 1-уми алоҳида торумор кардааст. Дар хати ҷабҳаи Синковкаи вилояти Харков, Новосадовое, Красний Лимани Ҷумҳурии Халқии Донетск, Невское ва Макеевкаи Ҷумҳурии Мардумии Луганск ду ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро рафъ карданд”, - хабар додааст вазорати дифоъ.
Тибқи иттилои вазорат, талафоти душман то 470 нафар низомӣ, 9 мошини низомӣ, як тӯпи 155-мм FH-70, ки дар Бритониё истеҳсол шудааст, як тӯпи 105-мм, як тӯпи худгардро нобуд кардааст.
Вазорати дифои Украина хабар дод, ки се анбори муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ нобуд карда шуданд.
"Искандар" мушакандози чандгонаи сохти амрикоиро бо 15 сарбози украинӣ нобуд кард – видео
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба силоҳ идома медиҳанд.