ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Аз даҳ нафар ҳашт нафар (81%) русҳо нисбати муҳоҷирон эҳсосоти манфӣ надоранд.
Дар ин бора дар натиҷаи як назарсанҷии ВЦИОМ, ки сардори шӯъбаи таҳқиқоти сиёсӣ Михаил Мамонов хабар дод, ошкор шудааст.
Қайд мешавад, ки ҳамин миқдор пурсидашудагон аз ҳузури афроди миллати дигар дар атрофи онҳо наметарсанд ва нигарон ҳам нестанд.
Ба гуфтаи мутахассис, ин рақам хеле баланд аст. Ҳамин тариқ, танҳо 12% пурсишшудагон гуфтаанд, ки нисбати муҳоҷирон эҳсосоти манфиро ҳис мекунанд.
"79 дарсади русҳо муносибатҳои байни миллатҳои гуногунро дар маҳалле, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, дӯстӣ ё ором ва бидуни низоъ арзёбӣ мекунанд", - қайд кард коршинос.
Мамонов таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои ташаннуҷ дар ноҳияҳои федералии пойтахт – марказӣ ва шимолу ғарбӣ бештаранд.
Муҳоҷирон ин қудрат ё заъфии Русия аст?
Тақрибан 60% пурсидашудагон дар тадқиқот изҳор доштанд, ки як кишвари сермиллат будан Русия танҳо қавитар мекунад;
25% бар ин боваранд, ки ин ба қудрати кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ таъсир намерасонад;
танҳо 7% фикр мекунанд, ки ин раванд давлатро заифтар мекунад.
ВЦИОМ, паст будани шиддатро дар муносибатҳои байни миллатҳо қайд намудааст.
"Ин тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад, ки ба мо имкон медиҳад, муносибатҳои байни миллатҳоро умуман оромона тавсиф кунем", - афзуд мутахассис.
Ҳамзамон, вай қайд кард, ки пажӯҳишҳои ВЦИОМ дархости мардум барои ташдиди сиёсати муҳоҷиратро дар Русия ба қайд гирифтааст.
Ба гуфтаи Мамонов, ин дархост ба як қатор талабот равона шудааст:
мавҷудияти қоидаҳои сахт,
риояи анъанаҳо ва русуми аҳолии таҳҷоӣ аз ҷониби муҳоҷирон;
ногузир будани ҷазо барои ҷиноят.
Қаблан ду муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Омск ва Новосибирск ҳангоми ҷамъоварии маблағ барои созмони террористӣ аз сӯи ФСБ-и Русия дастгир шуда буданд.