ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар солҳои 2025-2028 Русия барои тоза кардани заминҳои Тоҷикистон аз изи уран 1,56 миллиард рубл ҷудо мекунад, омадааст дар фармони нахуствазири Русия Михаил Мишустин, ки охири моҳи июн ба имзо расидааст.
Авохири солҳои 40-ум ва ибтидои солҳои 50-уми асри ХХ азхудкунии босуръати конҳои уран дар ҶШС Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин дар Федератсияи Русия оғоз ёфт. Ҳангоми фаъолияти корхонаҳои саноати уран дар ҳудуди онҳо партовҳои хатарнок ҷамъ шуданд.
Кӯмаки Русия дар поксозии кишварҳои ИДМ аз радиатсия
© Sputnik
Барои таъмини амнияти радиатсионӣ дар мавзеъҳои собиқ корхонаҳои истихроҷ ва коркарди уран соли 2012 Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барномаи байнидавлатии беҳдошти ҳудудҳоро тасдиқ карданд.
То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор партовгоҳи (иншоотҳое, ки барои нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ ва заҳролуд пас аз ғанисозии маъданҳо истифода мешаванд) майдони саноатии Табошар дар наздикии шаҳри Истиқлол ба тартиб дароварда шуда, лоиҳаи бузург барои беҳдошти ҳолати партовгоҳи корхонаи маъдани пзаъиф анҷом ёфт.
Чорабиниҳои техникии Русия имкон медиҳанд, ки на танҳо партовгоҳҳои кӯҳна ба ҳолати комилан бехатар оварда шаванд, балки таъсири мусбати трансмиллиро таъмин кунанд, қайд кард Росатом.
"Бо истифода аз технологияҳое, ки хатари шусташавии моддаҳои радиоактивӣ аз партовгоҳҳои кӯҳнаро аз байн мебаранд, бехатарии рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қаламрави чанд кишвар ҷорӣ мешаванд, таъмин карда мешавад, ки ин ба вазъи экологии тамоми минтақа таъсири мусбат мерасонад", - иброз доштанд дар Росатом.