Муҳаққиқони умури обуҳавосанҷӣ дар шимоли Тоҷикистон дар оғози фасли тобистони тағйирёбии ҳароратеро мушоҳида кардаанд, ки чанд даҳсола ба ин тараф бесобиқа баланд будааст.
Абдувалӣ Ҳомидов, директори “Маркази обуҳавосанҷии Суғд” мегуяд, гармшавии ҳарорат ҳамасола аз 5 уми июл то 15 уми август, ки ин вақтро чиллаи тобистон ва ё тамус меноманд, мушоҳида мешуд, вале ҳарорате, ки дар моҳи июн дар навоҳии кишвар ба вуҷуд омад, ғайриинтизор ҳам гарми гарму ҳам сарди сард будааст.
“Гармии ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 31 дараҷа ва рӯзона то 40 - 42 дараҷа мушоҳида шуд. Лекин дар шароити кӯҳистонҳо бошад баръакс ҳарорат шабона то 12 дараҷа ва рӯзона ҳамагӣ 26-28 дараҷа гармиро ташкил менамуд. Чунин тағйирёбии ҳарорат ба меъёр ва ё нормаи 60 – 70 соли пеш мувофиқат намекард, балки тафовут дошт” – таъкид намуд, Ҳомидов.
Ин коршинос мушоҳидашавии ин вазъи боду ҳаворо як навъ тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард. Бино ба гуфтаи манбаъ, чунин ҳолат бар асоси мушоҳидаҳои метрологӣ умдатан аз ҳисоби коҳишёбии ҳаҷми намнокӣ дар ҳавои атмосфера рух медиҳад, ки онро дипрессияи атмосферӣ меноманд.
Вай гуфт, дигаргуншавии доманадори ҳарорати ҳаво эҳтимол ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварҳои Осиёи Миёна, ки тақрибан иқлими яксон доранд, таъсир амиқ боқӣ гузорад.
Ин мусоҳиби мо аз ҷумла кондиссионерҳои салқинкунандаро мисол овард, ки дар натиҷаи гармии тоқатфарсо истифодаи онҳо аз ҷониби сокинон дар хонаву коргоҳҳо меафзояд ва дар натиҷа масрафи қувваи барқ зиёд мешавад.
Ва ё дар соҳаи кишоварзӣ, ки дар сурати гармшавии ҳарорат талаботи кишти зироатҳо ба оббонӣ дучанд бештар мешавад. Дар ҳоле, ки обрасонӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна яке аз мушкили мубрам маҳсуб мешавад.
Ин коршинос зимни суҳбат роҳҳи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро шарҳ дод.
Ӯ, шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва сарсабз намудани дашту теппаҳо яке аз роҳҳои муассири мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард.
“Релефи кишвари моро 93 % кӯҳистон ташкил медиҳад. Вақте мушкили камобӣ бештар ру мезанад кӯҳҳо зери хатар (угроза для гор) қарор мегиранд. Мо бояд намнокиро дар хок ҳамеша устувор нигоҳ дорем, зеро он чун ширеш (клей) кӯҳу теппаҳоро аз поёнфароӣ нигоҳ медорад. Бинобар ин мо чӣ қадаре, ки сабзазоркуниро бештар кунем ҳамон қадар сатҳи намнокии хок бештар мешавад ва ниҳолшинониро бояд тарғиб кард”- таъкид намуд, Абдувалӣ Ҳомидов.