ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Қоҳир Расулзода - сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи стратегии намоишгоҳи "Иннопром-2024", ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, аз Русия даъват кард, ки дар истихроҷи филизоти нодир, ки барои тавлиди мошинҳои барқӣ истифода мешаванд, бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.
"Сарвати зеризаминии Тоҷикистон бой аст”, - гуфт Расулзода.
Ба гуфтаи ӯ, захираи тасдиқшудаи сурма дар ҷумҳурӣ беш аз 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад ва Тоҷикистон дар минтақаи Осиё дар ҷои севум ва дар байни кишварҳои ИДМ дар ҷои аввал қарор гирифтааст.
"Кишвар дорои захираҳои зиёди сурб, руҳ, квартс, кремний, германий, никел, литий ва дигар металлҳои нодир мебошад, ки ҷузъи захираҳои муҳим мебошад", - гуфт сарвазир.
Ёдовар мешавем, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва нахуствазири Русия зимни мулоқот дар шаҳри Екатеринбург, ки дар ҳошияи намоишгоҳи Иннопром сурат гирифт, дар бораи афзоиши табодули коло ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуданд.
Сарвазири Тоҷикистон дар ин мулоқот қайд кард, ки Русия ва Тоҷикистон имкони зиёд барои афзоиши гардиши мол доранд.
"Бархе масъалаҳое ҳастанд, ки мехостам бо шумо имрӯз баррасӣ кунам. Шумо дуруст қайд кардед, ки гардиши мол миёни кишварҳои мо 10% афзоиш ёфт. Фикр мекунам, имсол боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Аммо ин, албатта, кифоя нест. Мо имкониятҳои зиёд барои афзоиши гардиши мол дорем”, - гуфт Расулзода.
Расулзода қайд кард, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон босуръат рушд мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии "Innoprom", ки то 11 июл идома меёбад, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.
Дар намоишгоҳ гӯшаи миллии саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.