ШБА – шоҳроҳи дӯстӣ: Иштироки тоҷикистониҳо дар сохтмони роҳи муҳими Иттиҳоди Шӯравӣ

Тоҷикон на танҳо як қитъаи роҳ ва деҳаи Солониро сохтанд, балки дар дигар қитъаи шаҳрҳо низ кор мекарданд: хона, беморхона ва мактабҳо месохтанд
Sputnik
50 сол пеш сохтмони яке аз иншооти муҳими Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт.
Ҳар ҷумҳурӣ саҳми худро дар ин сохтмон гузоштааст, то аз тайгаи касногузар рафтуомади қатораҳо имконпазир шавад.
Ҷумҳурии Точикистони Шӯравӣ дар бунёди Шоҳроҳи Байкал ва Амур (ШБА) хиссаи бебаҳои худро гузоштааст. Вай як қисми роҳи оҳан ва дехаи Солониро, ки меъмории он бо услуби миллӣ сохта шудааст, бунёд намудааст.
Вазир: Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст шуд
Ғайр аз ин, тоҷикон дар дигар шаҳрҳо, ки ин шоҳроҳ тавассути он мегузашт кор мекарданд: дар Тайгаи касногузар ҷангалҳоро бурида, он ҷо хонаи истиқоматӣ, беморхонаҳо, мактабҳо сохтаанд. Барои бисёри тоҷикон ин таҷрибаи нав буд.
Чаро шаҳрвандони Тоҷикистон ба ШБА рафтанд ва аз он замон чӣ хотираҳо доранд?
Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон гузориши вижа омода кардааст.