Пизишкиён ё Ҷалилӣ: дар Эрон даври дуюми интихоботи президентӣ ҷараён дорад

Дар даври аввал ҳеҷ як аз номзадҳо беш аз 50% раъй ба даст наовард ва иштироки раъйдиҳандагон дар 45 соли мавҷудияти ҷумҳурӣ пасттарин буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Эрон даври дувуми интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ оғоз шуда ва ҳавзаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 ба вақти Эрон дари худро ба рӯи раъйдиҳандагон боз карданд.
Барои курсии президентӣ, вазири собиқи беҳдошт, ислоҳотхоҳ Масъуди Пизишкиёни 69-сола ва намояндаи 58-солаи раҳбари олии Эрон дар Шӯрои олии амнияти миллӣ, муҳофизакор Саид Ҷалилӣ рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 28 июн баргузор шуд, на Пизишкиён ва на Ҷалилӣ раъйи кофӣ ба даст оварданд. Аввалӣ 44 ва дуввуми танҳо 40% овозҳо гирифтанду халос. Аммо барои пирӯз шудан беш аз 50% раъй гирифтан лозим буд.
Зимнан, ҳузури интихобкунандагон дар даври аввал ҳамагӣ 40% -ро ташкил дод, ки дар таърихи ин ҷумҳурӣ пасттарин ба ҳисоб меравад.
Пештозии Пизишкиён дар интихоботи президентии Эрон: кӣ пирӯз мешавад?
Интизор меравад, ки натоиҷи интихобот дар нимаи аввали рӯзи 6 июл пас аз шумориши ҳамаи раъйҳо маълум шавад.
Масъуд Пизишкиён аз ҷалби сармояи хориҷӣ, муколама бо Ғарб ва барқарорсозии Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал ҷонибдорӣ мекунад.
Сардори собиқи Вазорати тандурустӣ борҳо аз мавқеъи мақомот дар мавриди пӯшидани иҷбории ҳиҷоб интиқод карда, ваъда дод, ки ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои этникиро васеъ мекунад.
Саид Ҷалилӣ ҷонибдори идомаи курси сиёсати хориҷии раисиҷумҳур Иброҳим Раисӣ аст, ки рӯзи 19 май бар асари суқути ҳавопаймо ҳалок шуд. Ҳамроҳ бо Раисӣ вазири умури хориҷии Эрон ва чанд мақомдори дигар ҷон аз даст доданд.