ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ахиран дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббии марказҳои хусусии косметологии кишвар ҷаласаи корӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.
Дар ин ҷаласа фаъолияти муассисаҳои косметологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мақомоти тандурустӣ дар ин ҷаласа гузаштан аз курсҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва сертификатсия байни кормандони марказҳои косметологӣ зарур шуморида шуд.
“Ҳамчунин дар ин ҷаласа пешниҳод карда шуд, ки Ассотсиатсияи косметологҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад ва масъалаҳои ҷории ин самт дар нишастҳои ин Ассотсиатсия ҳаллу фасл карда шаванд”, - иттилоъ додааст вазорати тандурустӣ.
Ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, риояи ҳатмии қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ, аз ҷониби вазири тандурустӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки айни замон дар кишвар 17 адад марказҳои косметологӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 11 адад дар шаҳри Душанбе ва 6 адад дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор доранд.