Дар Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон баргузор гардид, ки дар он аз тамоми қаламрави кишвар деҳқонону кишоварзон ҷамъ омада маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи таҷлил аз ҷашни аҷдодиамон – Тиргон, иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор доир гардид.
Илова бар ин дастранҷи кишоварзон аз қабили навъҳои гуногуни зардолу ва анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагиҳо, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуз, маҳсулоти ниёзи аввалия ба монандӣ картошкаю пиёз, сабзавот ва навъҳои гуногуни таъомҳои миллӣ, техникаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки Тиргон дар қатори ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, он ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.
Мақомдорони тоҷик гуфтанд, ки ҷашни тиргон тамоми кишоварзони кишварро ба ҳам оварда, ба онҳо имконият медиҳад, ки бо маҳсули дастранҷ ва таҷрибаи кори якдигар шинос шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Тиргон ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон ва ҷашни ҷамоварии дастранҷи деҳқон мебошад.
Таҷлил намудани ҷашни Тиргон барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии анъанаҳои аҷдодиамон ба ҷомеи ҷаҳонӣ мусоидат мешамояд.