Омодагии БАОР барои иштирок дар сохтмони НБО “Роғун” дар Тоҷикистон

Бонки АвруОсиёии Рушд наметавонад чунин як лоиҳаи азимро танҳо маблағгузорӣ кунад, аммо бо иштироки дигар ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ омода аст, ҳамроҳ шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) пешниҳодҳои худро барои ширкат дар лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ироа кардааст.
Дар ин бора раиси раёсати БАОР Николай Подгузов хабар додааст.
"Хоҳиш ва нияти мо барои иштирок дар маблағгузории ин лоиҳа (сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун) боқӣ мемонад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин марҳила бонк мунтазири посухи ҷониби Тоҷикистон аст.
"Мо барои иштирок дар синдикати байналмилалӣ, ки таҳти сарпарастии Бонки Исломии Рушд ташкил мешавад, расман ризоият додем ва дар ин ҷо интизори посухи созмондиҳандагон ҳастем. Мо интизори посухи Вазорати молияи Тоҷикистон ҳастем, ки чӣ тавр метавонем ин корро идома диҳем. Мо омодаем, ки барои ин маблағ ҷудо кунем", - изҳор дошт роҳбари ин бонк.
Николай Подгузов ҳамчунин қайд кард, ки "БАОР ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ин гуна тарҳи азим намебарояд, аммо дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ омодааст, ин корро анҷом диҳад".
Имзои созишнома миёни Тоҷикистону Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи "НБО-и Роғун
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2023 раиси Раёсати БАОР Николай Подгузов итминон дод, ки дар чаҳорчӯби стратегияи кишвар барои Тоҷикистон то соли 2026 ҳаҷми сармоягузории бонк чанд маротиба афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ҳоле, ки моҳи феврали соли 2024 вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода хабар дода буд, ки БАОР ният дорад, ҳиссаи сармоягузориро дар ҷумҳурӣ аз 1 то 5 дарсади сандуқи сармояи бонк афзоиш диҳад, ки дар маҷмуъ тақрибан 500-550 млн долларро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд обанбори Неругоҳи барқӣ-обии "Роғун" ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва фишори об ҳанӯз паст аст, дар неругоҳ то ин дам аллакай қариб 7 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол шудааст.
Тоҷикистон ният дорад 70% нерӯи барқи тавлидшуда аз НБО “Роғун”-ро ба хориҷ фурӯшад
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аллакай ба системаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст карда шудааст.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки тарҳи техникии он дар замони шӯравӣ таҳия шуда буд, соли 2016 оғоз ёфт.
Моҳи ноябри соли 2018 агрегати якуми иншоот ба истифода дода шуд, агрегати дуюм моҳи сентябри соли 2019 ба кор даромад. Дар маҷмӯъ насби 6 чарха ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоми онҳо 600 МВт мебошад.